Зеҳн
Таронаҳои дарё

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 39 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ХАНДАИ ОХИРИНИ ИБРОҲИМ
(Охирин бор Иброҳим Исмоилов вақте ки душмани халқ
хонда, дастгираш карданд, хандид. Чун аз ӯ пурсиданд,
чаро механдӣ, чунин посух дод: «Ман ба марги худ не,
ба марги наздикрасидаи шумо механдам»)
(Аз нақли ҳамсоланаш ва шунидаҳо)

Хандаи охирини Иброҳим,
Буд алорағми марги хуношом.
Хандаи охирини Иброҳим,
Парчаме гашт, парчами айём.

Хандае буд, хандаи дилсӯз,
Тир шуд зидди хасму хунхорон.
Боғи ӯ дар баҳор хандон буд,
Умри ӯ дар баҳор гашт хазон.

Хандаи охирини Иброҳим,
Душманонро ҳама ба як саф кушт.
Хуни ӯ аз гулӯи номардон,
Сахт бигрифт ҳамчу дар ангушт.

Хандаи охирини Иброҳим,
Раҳнамои ҳаёти мо гардид.
Ҷовидон умр ёфт бо ханда,
Машъали рӯзгори мо гардид.

пешина
аз 39