Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ман аз ту дур бошам, бенавоям,
Намедонӣ ту, ки ман дар куҷоям.
Ба ҷустуҷӯи ту ҳамчун гадоям,
Манам ташна, ту як ҷӯи равонӣ.

Ба сина дард аз ишқи ту дорам,
Ба роҳи туст ҳар дам чашми чорам.
Мани Қурбоналӣ ҳайрони зорам,
Ба мақсад кай маро ту мерасонӣ?!

БЕЗАН ШУДАМУ ДОНИСТАМ

Аз ҳама зӯри ҷаҳон дон, ки аҷал зӯр будаст,
Хона аз рӯбучини зан ҳама пурнур будаст.
Зани марди пирсоле биравад аз олам,
Безан он пир дигар мурдаи дар гӯр будаст.
Зиндагии зану мард аст ҳама бахти нахуст,
Ки ғаму дарду алам аз дили ӯ дур будаст.
Мани Қурбоналӣ безан шудаму донистам
Зиндагӣ ҳар нафасе талх буда, шӯр будаст.
Пирамарде, ки занаш рафт, нафастанг шавад,
Сурати мурғи даруни қафасу тӯр будаст.

БИГӮ

Шеъри ҳаҷвӣ зидди дуздон ёр мегӯяд бигӯ,
Бе ҳаросе гашта, шоирвор мегӯяд бигӯ.
Чашм бикшову назар андоз бар бечорагон,
Ҳар замон дар кӯчаву бозор мегӯяд бигӯ.
Ман намегӯям, вале бар ман ба садҳо илтимос
Ҳар каси бечораи нодор мегӯяд бигӯ.
Дар табобатхона рафтам, оҳ дидам ҳоли бад,
Чун шикоятсоз ҳар бемор мегӯяд бигӯ.
Дар миёни маҳфиле бо одамон ҳамдам шудам,
Карда хоҳиш мардуми бисёр, мегӯяд бигӯ.
Меравам бар пуштаҳову кӯҳҳову ҳар дара,
Буттаҳои шӯлашу ҳар хор мегӯяд бигӯ.

пешина
аз 119
навбатӣ