Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бар сарварӣ наарзад
Ҳар шахси нокасу бад.
Гум бод номи садре
Илму ҳунар надорад.

Равад ба ҳар каноре,
Бар асп ҳар саворе,
Аз ҳоли ҳар пиёда
Дон, ки хабар надорад.

Ҷон дар бадан ниҳоле,
Ҳар як гияҳ маҷоле
Бе нури офтобу
Нури қамар надорад.

Ин сарвари тавоно
Аз дуздӣ аст доро.
Дузде ба ҳоли нодор
Раҳму назар надорад.

Рӯзе қазош ояд
Ҷон аз бадан барояд.
Дузде ба ғайри дӯзах
Ҷои дигар надорад.

МАН ДИДАМ

Ба даврони ҷавонӣ мо
Азоб аз ҷангҳо дидем,
Ба ҷон кӯфтеву даҳшат аз
Кулӯху сангҳо дидем.

Ба мисли ҷолабороне
Зи ҳар сӯ тирборон буд,
Садои «урра»-и лашкар
Басе аз марғзорон буд.

Маро андар назар пурғам
Тамоми халқи олам буд,
Ба ҳар ҷое, ки модар буд,
Ниҳон дар мотаму ғам буд.

Аҷаб бераҳмӣ аз душман
Ба чашми хеш ман дидам,
Ҷасади тифлаконеро
Фурида дар чаган дидам.

Фашисти шуму бераҳме
Баланд аз кофире дидам,
Халонда мехи оҳанро
Ба ҷисми аскаре дидам.

Зи кирдори фашистона
Бидон, бисёр ман дидам,
Зи аскарҳои мо кушта
Ба банди дор ман дидам.

Дар охир чоҳкан афтид
Ба қаъри ғор, ман дидам,
Нарафта то ба манзилгоҳ,
Ки каҷ он бор ман дидам.

Ҳамин Қурбоналӣ гуфто:
Фашисти ганда ман дидам,
Чӣ хубе гашт дар олам
Аҷаб шарманда, ман дидам.

АЗ ИШҚИ ТУ ДОРАМ

Аҷаб маъшуқаи ширинзабонӣ,
Ба зебоӣ чу моҳи осмонӣ.
Ба ҷони ошиқат рӯҳи равонӣ,
Бигӯ аз ҳоли зори ман чӣ донӣ?!

Ҳавас дорам, ки бо ман роз гӯӣ,
Ба садҳо ишваю бо ноз гӯӣ.
Сифот аз духтари Дарвоз гӯӣ,
Ба васфат мекунам ман шеърхонӣ.

пешина
аз 119
навбатӣ