Фурӯғи пирӣ

Ин гуфта дар китоб аст-
Ҳар некӣ дар ҳисоб аст.
Некӣ кунӣ, савоб аст,
Ту чоқ димоғи мо кун.
Чи донае бикорӣ,
Ба каф ҳамон биёрӣ.
Имон агар ту дорӣ,
Равшан чароғи мо кун!
ЧУН ДУХТАРОНИ ХОЛААМ
Ман пирамарди гаштагӣ
Дар сад хамиву ёлаам,
Бо дидаҳоям дидагӣ
Ҳазор оҳу нолаам.
Дар ҷангҳо тир хӯрдаам
Шукрона, ки номудаам,
Куфти калоне хӯрдагӣ
Аз барфҳову ҷолаам.
Андар ҷавони кардагӣ
Сайре ба ҳар боғу чаман,
Гулҳои зебо дидаам
Чун духтарони холаам.
Ҳоло зи пирӣ қувваам
Гардидагӣ якбора кам,
Раҳ меравам бо сад азоб,
Як одами нимколаам.
Пурсед аз Қурбоналӣ
Чанд аст синну сол, гӯй,
Дар соли дуҳазору панҷ
Донед ҳаштодсолаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё