Фурӯғи пирӣ

Гоҳ-гоҳе тунд меорад шамол,
Мекунад мурғони саҳроро малол.
Байни ҳарду чиллаҳо ояд, ки хуш
Низ ӯ дорад шамолу барфу ҷӯш.
Ҳар қадар бо барфу борон меравад,
Ҷонииби фасли баҳорон меравад.
Боз мо бо қудрати парвардигор
Шодиҳо созем дар иди баҳор.
ТО БАЙТУЛАРАБ
Эй ҷавон, хоҳӣ, ки ёби чашмаи айшу тараб,
Кӯшише кун то бигардӣ соҳиби илму адаб.
Бишнавӣ аз нокасе ногоҳ як ҳарфи дағал,
Кун илоҷе дор пеши оташи қаҳру ғазаб.
Пурра дон, ту эй писар, аз байни садҳо одамон
Мебарояд як нафар ё ду нафар олинасаб.
Давлати дунё бар он дунё касе бо худ набурд,
Суд бар мардум бубахшову нашав дунёталаб.
Кӯшише кун то биёбӣ чашма ё дарёи илм,
Мебарад илмат туро з-ин ҷой то Байтулараб.
Бин, ки бо амри Худованди Карими корсоз
Субҳи содиқ мебарояд боз аз поёни шаб.
Илму дониш синаи ҳар пирро барно кунад,
Кун қабул ҳар мисраи Қурбоналӣ ибни Раҷаб.
МУРОҶИАТ БА ЧАРОҒКУШ
Эй мардаки чароғкуш,
Дорӣ агар ба сар ҳуш,
Аз мо накун фаромӯш,
Гоҳе суроғи мо кун.
Дар сина доғ дорем,
Арзе ба зоғ дорем.
Туро суроғ дорем,
Назар ба боғи мо кун.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё