Фурӯғи пирӣ

Оҳанрабост гӯё,
Бар сӯи худ кашонад
Ҳушу хайёли моро
Маҳсули кори дунё.
Ҷону тани ҳар одам
Обу адо бигардад,
Бо ранҷҳову кӯфтӣ
Чандин ҳазори дунё.
Қурбоналӣ дусад сол
Гар умр бинӣ, охир
Ҷову макон бигирӣ
Бар гӯри тори дунё.
ЧУ ГУЛҲОИ БАҲОР
Ранҷҳо аз ҷанги Гитлерӣ маро аз сар гузашт,
Тири хасме зад ба даст аз пешаму аз бар гузашт.
Сад касон дар корзорон дидаам бо ормон
Баҳри ҳифзи модарон аз рӯи олам даргузашт.
Оташи мо зад адуро, хоку хокистар намуд,
Сад касон болои ҳар як хоку хокистар гузашт.
Аз тани лашкаркашони Гитлери гумном
Тирҳову тӯпҳову зарбаи ханҷар гузашт.
Сад касон умраш ба талхиву ба сад ранҷу азоб
Дар давоми панҷ соли байни шӯру шар гузашт.
Рӯи олам шуд ба ханда ҳамчу гулҳои баҳор,
Он даме, ки аз ҷаҳон Гитлери исёнгар гузашт.
БАҲОРОН ОФАРИД
Байни ҳар соле Худовандам баҳорон офарид,
Нозанин гулҳои боғу сабзазорон офарид.
Аз барои бандаҳояш ҳар гиёҳи дорувор,
Дар миёни даштҳову кӯҳсорон офарид.
Як тараф дар лаб-лаби ҷӯборҳо пудинаҳо,
Пуштаҳое пур зи чукриву зи торон офарид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё