Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Рехта аз пораҳои абр борони баҳор,
Бар дарахту ҳар гияҳ гӯё, ки ӯ ҷон офарид.
Гармсозу нурафкан рӯз хуршед офарид,
Дар шаби торик бингар моҳи тобон офарид.
Байни ҳар соле баҳореро Худованди карим
Чун арӯси нозанини чеҳрахандон офарид.
Ҳар даме шукрона гӯ назди Худо, Қурбоналӣ,
Ки туро аз решаи зоти мусулмон офарид.

БИДОН

Шарбате аз баҳри одам об мебошад, бидон,
Роҳату марги сабукаш хоб мебошад, бидон.
Офтобу моҳтоберо, ки халлоқ офарид,
Ҳардуи он нури оламтоб мебошад, бидон.
Пири мӯъминзодагон Амири Ҳамадон бувад,
Марқадаш дар синаи Кӯлоб мебошад, бидон.
Модар аз дунё равад, ӯро намеёбӣ дигар,
Модари ҷон гавҳари ноёб мебошад, бидон.
То тавонӣ бештар мехон ту Қуръони Маҷид,
Пандҳое баски дар ҳар боб мебошад, бидон.
Мӯъмине имонталаб, дилсоф тоат мекунад,
Қалби ӯ мисли ҳавои ноб мебошад, бидон.
Бандае тоат намесозад ба даргоҳи Худо,
Ҷони ӯ фардой дар азоб мебошад, бидон.

ПАНДЕ БА ПИСАРОН

Гӯш кун, эй баччаи бономусу ори падар,
То ки ҷон дорӣ, машав ҳаргиз дилозори падар.
Бачча он бошад, ки андар давраи пиригарӣ
Бохабар бошад зи ҷисми қалби афгори падар.
Бачча он бошад, ки тарсад аз Худованду расул,
Ҳар куҷо бошад мададгореву ғамхори падар.
Чанд ҷо, эй мӯъминон, дидам зи чандин баччаҳо
Дил сияҳ ранҷидаву норозӣ бисёри падар.
Ҳаст дар мавҷи сақар дар он ҷаҳон ҳар баччае
Гашта бошад гар дар ин дунё ситамгори падар.

пешина
аз 119
навбатӣ