Фурӯғи пирӣ

Бо ранги дигар балки ҳаметофт ба дида,
Садчанд базеб аз гули гулзор қаламқош.
Аз ҷониби ӯ бод ба мо бӯи хуш овард,
Монанди бӯи хуши гулхор қаламқош.
Бо шӯхиву бо хандаву бо нозу карашма
Гардонд маро ошиқу дилдор қаламқош.
Кайҳо дили мо бурдаву нодода ба мо дил,
Будаст ситамкору ҷафокор қаламқош.
Қурбоналии мо шуда дар давраи пирӣ
Ошиқ ба ту, эй ёри сазовор, қаламқош.
МАКТУБ БА ПИСАРОНАМ
Чаро Бурҳоналиҷону Сулаймон
Фирорӣ гаштаед аз Тоҷикистон?!
Шуморо чордаҳ сол ёд кардам,
Нафас берун зи дил ношод кардам.
Ғам аз баҳри шумо мехӯрд модар,
Ба ёди ҳардуи ту мурд модар.
Манам пире, кунун ранҷур гаштам,
Қариб аз чашми бино кӯр гаштам.
Биёед эй писарҳо кишвари худ,
Ба хону ҳавлию бому дари худ.
Дар ин кишвар дару дарвозаҳо шуд,
Каси олинасаб сарвар ба мо шуд.
Бубинед омада, з-ӯ раҳбариро,
Адолоту сағирапарвариро.
Чу Рустам ҳар сӯ дорад поймонӣ
Барои тинҷиву сулҳу амонӣ.
Ба мислаш ҳеҷ олисарваре нест.
Ба сони кишвари мо кишваре нест,
Ба мислаш кишвари зеботаре нест.
Камар барбаста ҳар як аскаре ҳаст,
Ватанро посбонаш лашкаре ҳаст.
Бувад ҳар аскаре боору бонанг,
Надорад лашкари мо майл бар ҷанг.
Вале хасме ба ногаҳ сар барорад,
Ба ҷуз нобуд шудан роҳе надорад.
Ба олам мардуми бообрӯем,
Ҳама ҷо ростгӯву сулҳҷӯем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё