Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гар падар хуб аст, бояд нағз омӯзад писар,
То ки ҷон дорад, кунад ӯ кор чун кори падар.
Эй писарҷонам, бикун рафтор чу Қурбоналӣ,
Боадаб гардидаву шав номбардори падар.

НОЛАИ ҶИЁНГУЛ БАРОИ БАЧЧААШ

Шаҳсутуни хонаам, тобу тавонам баччаме,
Ғурамаргу ормонии ҷаҳонам баччаме.
Зеби ҳавливу дару зеби дӯконам, баччаме,
Аз ғамат, эй соҳибам, хам шуд миёнам, баччаме.

Шаҳди дунёро ниҳодам бо ҳавас дар коми ту,
Соҳибам то ки шавӣ, соҳиб бимондам номи ту.
Шодмонӣ доштам бо ту ба зери боми ту,
Во сари бесоҳибам, бехонумонам, баччаме.

Ояти Қуръон, ки мехондӣ барам рӯзу шабон,
Фахр мекардам, ки дорам тутии ширинзабон.
Мотами ту сохт тира бар сарам рӯи ҷаҳон,
Тири ғамҳои ту зад оташ ба ҷонам баччаме.

Номи неки ту ба сӯзе бар забонам мебарам,
Сӯзу дарду доғи ту ҳасрат ба ҷонам мебарам.
Ҳар гаҳе ки луқмае сӯи даҳонам мебарам,
Луқмаам хун мешавад андар даҳонам, баччаме.

Эй фалак, охир ту медонӣ чиҳо кардӣ маро,
Зиндаам то аз ҷигарбандам ҷудо кардӣ маро.
Банди садҳо ғуссаҳову нолаҳо кардӣ маро,
Соҳиби ҷон, аз фироқат нотавонам, баччаме.

ҚАЛАМҚОШ

Чун тутӣ барин шуд, ки ба гуфтор қаламқош,
Гардонд маро бо суханаш ёр қаламқош.
Рухсора, ки чун себ будӣ сурху чаканпӯш,
Метофт ба монанди гули нор қаламқош.

пешина
аз 119
навбатӣ