Фурӯғи пирӣ

Гаҳ либоси тан бурун гардонда аз баҳри фурӯш,
Пули ӯро сарф кардам аз бароят баҳри нӯш.
Нӯш кардам чун туро, хун дар бадан омад ба ҷӯш,
Ҷо маро андар бари девонаҳо кардӣ, арақ.
Баҳри мои майзада гаштӣ давои дарди сар,
Дар вуҷудам нест қувва то нанӯшам ҳар саҳар.
Рӯзи мурдан нӯш хоҳам боз як бори дигар,
Ин қадар андар хуморат мубтало кардӣ, арақ.
Мекунам андешаҳо бар ман чиҳо кардӣ, арақ,
Дур зӯру қудратам аз дасту по кардӣ, арақ.
Рӯйшум дар чашми ёру ошно кардӣ, арақ,
Гӯиё, ки ҷумларо аз ман ҷудо кардӣ, арақ.
Дар даруни шишаӣ, бо шиша оғӯшат кунам,
То ки ҷон дорам, наметониам фаромӯшат кунам.
То дами ҷон доданам нӯшат кунам, нӯшат кунам,
Ту маро бехонумону чун гадо кардӣ, арақ.
БА ШОИР ҲИКМАТУЛЛО ЯЪҚУБ
Эй шоири мулки ману эй ҳамқалами ман,
Дорӣ ба дилат сад аламе чун алами ман.
Ҳар ҷо ки қадам монӣ ту, шеъре бинависӣ,
Он гуна ки шеър аст маро ҳар қадами ман.
Аз рози туву шеъри ту огоҳ чу ман кист?
Ман аз ғами ту огаҳаму ту зи ғами ман.
Дар маҳфили мо тӯтии ширинсуханӣ ту,
Ман лутфи ту донам, ту зи лутфу карами ман.
Ҳарчанд Яъқуббоӣ ту дар лутфи суханҳо,
Медиҳӣ баҳо боз ба эҷоди ками ман.
Қурбоналӣ бо туву суханҳои ту нозад,
Манзумаву шеъри ту бувад ҷоми ҷами ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё