Фурӯғи пирӣ

НАВОҲОИ ДУТОРИ МАН
Биё, эй гулнигори ман,
Арӯси ноздори ман.
Нахоҳам як даме бошӣ
Гулам, дур аз канори ман.
Набошад моли дунёву
Фақат бошӣ ту ёри ман,
Ба ҷонам ҳастӣ як ҷону
Гули рӯи баҳори ман.
Ба роҳат интизорам ман,
Ту ҳам бош интизори ман.
Манам чун дар хумори ту,
Ту ҳам шав дар хумори ман.
Биёӣ, мешавад ором
Қалби беқарори ман.
Биё, дилбар, ба дастат гир
Калидаи рӯзгори ман.
Ба ёди туст ҳар савту
Навоҳои дутори ман,
Биё, бикшо гиреҳҳои
Тамоми банди кори ман.
ТАНГИИ ГӮР ШАВАД
Ҳар ки бад бошаду ё зоти бахил, кӯр шавад,
Решааш хушкидаву тухми бадон дур шавад.
Дар раҳи зиндагӣ аз дасти бахилу бадкор
Луқма бар камбағалон талх шавад, шӯр шавад.
Одами бад, ки ба ҳар ҷо сару сарвар бишавад,
Ғофил аз марг шуда мастеву мағрур шавад.
Мурданаш беҳ бувад аз зиндагӣ он одамро,
Ки ба дунё номи ӯ бо бадӣ машҳур шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё