Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз ту ҳазорон тоҷикон
Розист дар рӯи ҷаҳон,
Додӣ ба мо хизмат нишон,
Эй шоҳи мусулмони мо!

ДАР БАЁНИ НЕКӢ ВА БАДӢ

Ҷониби одамгарӣ оварда рӯ,
Дар ҷаҳон то ҷон ки дорӣ дар гулӯ,
Бо ҳама кун нарм-нармак гуфтугӯ,
Дӯстиро доимо кун ҷустуҷӯ.

Ҳамчу ака додари бо нангу ор
Дӯст баҳри дӯст меояд ба кор.

Ту ба ҳар тӯтиву булбул ёр бош,
Ростқавле бош, ҳақгуфтор бош.
Аз гулистон тозасози хор бош,
Маҳрами рози дили бемор бош.

Судбахшо бош бар халқи диёр,
Ҳамчу нахли сершоху сербор.
Сангҳову хорҳо дорад замин,
По ниҳодӣ, аввало ҷоят бубин.
Бо бадон асло нагардӣ ҳамнишин,
Ҳар ки бад бошад, шумораш чун лаъин.

Шахси бад созад ширин гуфтугузор,
Ҳарфи нармаш дон, бувад чун заҳри мор.

Некиҳо бисёр кун бар одамон,
Кун илоҷе ном бо некӣ бимон.
Баҳр хушкад, боғҳо гардад хазон,
Лек некӣ аз ту монад ҷовидон.

Дар қатори сад ҳазорон боғзор
Некиат бар халқ монад ёдгор.

пешина
аз 119
навбатӣ