Зеҳн
Фурӯғи пирӣ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 119 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

МИЁНИ ГОВУ ХАР ГАШТАМ

Ба қудрати Худовандӣ
Каси соҳибҳунар гаштам,
Ба пеши халқ дар тӯйҳо
Чу марди мӯътабар гаштам.

Ба даврони ҷавонмардӣ
Ба сони шери нар гаштам,
Ба мардум судбахшо чун
Дарахти пурсамар гаштам.

Ба ҳар тӯй гурғӯлихону
Чу булубул нағмагар гаштам,
Зи хубу гандаи дунё
Ҳамеша бохабар гаштам.

Шуда бедор ҳар субҳе
Чу мурғе ҳар саҳар гаштам,
Ба даври навҷавонӣ чун
Сутуни бому дар гаштам.

Чунон ман аз сухан бойе
Ба сони кони зар гаштам,
Вале афсӯс беқадре
Миёни гову хар гаштам.

ДАР ОЛАМ

Набошад ҷанговар гар ба олам,
Чӣ лозим пас бигӯ лашкар ба олам?!
Зи дасти ҷангҷӯ вайрона дидем
Ҳазорон хонаҳову ба олам.
Ҳазорон бегуноҳон кушта дидем
Ба зарби тиру бо ханҷар ба олам.
Ҳама донем, пурра ҷанг орад
Ба мардум ғуссаи маҳшар ба олам.
Набошад ҷангҷӯ гар рӯи дунё,
Накӯбахт аст ҳар модар ба олам.

пешина
аз 119
навбатӣ