Фурӯғи пирӣ

Ҷавонӣ буд, ба ҳар гулзор гаштам,
Кунун дар даври пирӣ хор гаштам.
Ҷавонӣ буд, ки дунёро бигаштам,
Қариб сад ҷӯю дарёро гузаштам.
Ҷавонӣ буд, ки беранҷур гаштам,
Шудам пир, аз ҳаловат дур гаштам.
Чу пажмурда гуле бенур гаштам,
Мани Қурбоналӣ чун кӯр гаштам.
ҒУНДАИ БАДНЕШ НЕСТ
Сарваре дидам, ки чун ӯ марди дурандеш нест,
Ҳавлиаш холӣ зи гову бузҳову меш нест,
Роҳи коре ёфтасту одами доро шудаст,
Корчаллоне ба дуздиҳош аз ӯ пеш нест.
Камбағал чун менамояд баъзе аз хешони ӯ,
Ҳамчу як бегонае гашта бар ӯ, чун хеш нест.
Гарчи нодоранд баъзеҳо, худоӣ мекунанд,
Бо чунин боигарӣ ин садр хайрандеш нест.
Дар раҳи хайру сахо як тангчашме дар ҷаҳон,
Бо мисолаш ҳеҷ як бечораву дарвеш нест.
Заҳррезон аз барои мардумони камбағал,
Кам зи ҳар мори бадеву ғундаи баднеш нест.
Мискинеро дӯст медорад худованди карим,
Ғайри зикру тоате майлаш ба моли беш нест.
МУРҒИ САҲАР НАДОРАД
Андешаҳое дорам,
Ки сару бар надорад.
Эй войи одаме, ки
Ҳавливу дар надорад.
Он кас, ки пир набвад,
Тан чун хамир набвад,
Дар вақти роҳгардӣ
Асо ба бар надорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё