Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вақте ки банда маводи он анҷуман ва он ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хондам, хун ба сарам зад ва бевосита ба роҳбарияти болоӣ мактубе навиштам, ки ин омӯзишгоҳ омӯзишгоҳи таърихӣ аст, дар вилояти Кӯлоб то соли 1945 ягон муассисаи таълимии муаллимтайёркунии дигар набуд. Ҳамин омӯзишгоҳ садҳо ва ҳазорҳо зиёиёни вилояти Кӯлобро, нафақат Кӯлобро, балки қисми ҷанубии вилояти Ғарм ва Дарвозу Вахшро ба воя расондааст. Бинобар ин, баста шудани Омӯзишгоҳи таълимии педагогии Кӯлоб ба номи Лоҳутӣ гуноҳи азимест. Хайрият ки баъд аз чанде банда номае аз ташкилотҳои болоӣ гирифтам ва онҳо фақат бо пешниҳоде бандаро ором кунонданд, ки Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб барҳам нахоҳад хӯрд ва фақат профили онро, яъне соҳаи тайёр кардани онро тағйир медиҳем.
Ташкили ин омӯзишгоҳ, ё донишкада дар оғози солҳои сиюми асри ХХ яке аз комёбиҳои бузург дар ҷабҳаи маориф ва маданияти халқи тоҷик буд ва банда бо тамоми ифтихори баланд мегӯям, ки худро фарзанди ҳамин омӯзишгоҳи ҷоноҷонамон меҳисобам ва то охири ҳаётам хизматҳои роҳбарони онро аз хотир намебарорам. Махсусан хизмати ҳамаи мураббиёне, ки мо барин ятимбачагони солҳои сиюмро ба ин дараҷаи ҳозира расонданд».
Ҳамин тариқ, Соҳибназар дар зарфи ҳафт соли таҳсил соҳиби шаҳодатномаи «аъло» гардида, ҳуқуқи дар мактаби олӣ беимтиҳон дохил шуданро пайдо мекунад ва боз ӯро чун донишҷӯи аълохону фаъол ҳамроҳи як зумра донишҷӯёни аълохони омӯзишгоҳҳои омӯзгории Тоҷикистон ба саёҳати фаннӣ ба Маскаву Қрим фиристоданд(Ниг. ба замима – «Ёде аз гузашта рӯзҳо»).
Устод Табаров айёми талху ширини мактабхониашро ба ёд оварда, ба бародари бузургаш Табаров Мирзоназар (рӯҳаш шод бошад), ки умри азизи хешро сарфи таълиму тарбия намуд, арҷ мегузорад ва ҳар дафъа таъкид мекунад, ки: «Мирзоназар барои ман ҳам бародар буд ва ҳам падару модар ва чун офтоб тани сарди маро гарм карда, роҳи минбаъдаи ҳаётамро мунаввар сохт».

пешина
аз 148
навбатӣ