Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

«аъло» хатм мекунад.
Бояд гуфт, ки Омӯзишгоҳи педагогии ба номи Лоҳутии шаҳри Кӯлоб дар ташаккул ва такомули шахсияти устод Табаров мавқеи басо арзишманд дорад. Маҳз дар ҳамин макони маърифат мустақилияту муносибат ва фаъолияти фарҳангии ин ҷавони закӣ шакл гирифта, аввалин падидаҳои илмӣ ва эҷодии ӯ арзи ҳастӣ мекунанд. Зиёда аз ин, Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб, ки ҳоло номи Коллеҷи омӯзгориро гирифтааст, чун маркази фарҳангии минтақаи Кӯлоб дар таълиму тарбия ва ба воя расондани мутахассисони варзидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда ва муносиб дорад. Ин ҷо ёдовар шудани баҳо ва арзи сипоси устод Табаровро, ки ба муносибати 80-солагии ин муассисаи фарҳангӣ баён гардидааст, бамаврид мешуморем:
«Инро бояд гӯям, ки дар соҳаи маориф ва маданияти вилояти Кӯлоб ва ҳатто Ҷумҳурияти Тоҷикистон саҳми Омӯзишгоҳи омӯзгории Кӯлоб хеле бузург аст. Ман мақоми онро дар он медонам, ки аксари мутлақи муаллимони мактабҳои ибтидоии вилояти Кӯлоб хатмкардагони ҳамин Омӯзишгоҳ буданд. Ва агар гӯям, ки тамоми дониши мардуми Кӯлоб бо саҳмгузории хатмкардагони ҳамин омӯзишгоҳ алоқаманд аст, хато нахоҳад шуд.
Дуюм хизмати ин омӯзишгоҳ дар он аст, ки ҷавонону бачагони воҳаҳои гуногуни вилояти кӯҳистониро бо ҳам муттаҳид намуд. Дар байни донишҷӯён мо бачагони дурдасти деҳаҳои собиқ ноҳияҳои Сарихосор, Ховалинг, хусусан Ёхсу, Даштиҷум, Шӯрообод, Муъминобод ва ғайра гирд омада буданд, ки ҳамаи дӯстию рафоқати мо, талабагони он солҳо, дар ҳамин иттиҳоди донишҷӯёни омӯзишгоҳи азизамон буд.
Ва сеюум, ин донишгоҳ махзани илму маърифати мардуми Кӯлоб аст, ки то ташкили Донишгоҳи омӯзгории дусолаи Кӯлоб (1945) ҳамчун маркази таълиму тарбияи тамоми вилояти Кӯлоб ҳисоб меёфт. Аз ин нуқтаи назар, вақте ки дар солҳои 80-уми асри гузашта ба сабаби зиёд шудани миқдори муаллимон нохалафоне пайдо шуданд, ки хостанд ин омӯзишгоҳро банданд ва дар охирин анҷумани Ҳизби коммунистии Тоҷикистон яке аз вакилони анҷуман, ки котиби ҳизби коммунистии Кӯлоб буд, аз минбари анҷуман ва баъдтар аз ҷаласаҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон бо сабаби зиёд шудани миқдори муаллимони синфҳои ибтидоии вилояти Кӯлоб масъала ба миён гузоштанд, ки ин омӯзишгоҳ баста шавад.

пешина
аз 148
навбатӣ