Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ва азбаски дар роҳи дароз мошинҳо вайрон мешаванд, соати нуҳи шаб ба шаҳраки Ховалинг мерасанд ва меҳмонон аввал ба бинои Ҳукумати ноҳия медароянд. «Устод Табаров, – ба хотир меорад А.Самад, – ҳанӯз дар идораи ноҳия дафтари ғафси 96-варақа талаб карду хома. Бардорузан, такидану афшондани мошин дар роҳи фарозу ноҳамвор мӯсафедро хеле хаставу лакот карда. Вале ин дархости устод барои мизбонон ғайричашмдошт буд. Бо вуҷуди ин, кормандони соҳаи савдо нисфи шаб ба чор тараф давида, ниҳоят ду дафтар ва чанд хомаи худнавис ёфтанд. Муаллим аз ин меҳрубонии онҳо хеле нарм шуд ва дарҳол ба иншои сафарнома шурӯъ кард. Ман аз ӯ чашм наканда, дар дил ба ғайрату заҳматписандияш аҳсант мехондам»(40, 500).
Бояд гуфт, ки аз «Дафтари хотира»-ҳо танҳо дафтари №2 мондаасту халос. Мувофиқи гуфти устод, ҳангоми донишҷӯӣ ва солҳои аввали корӣ ба сабаби хонаи истиқоматӣ надоштан дафтарҳои хотираашро бо китобҳо ва конспектҳояш дар хонаи донишҷӯи Институти занона Фароғат Орифова дар Душанбе мемонад ва қисми дигари навиштаҳояшро ба Муъминобод мебарад. Мутаассифона, дафтарҳои хотира нобуд шудаанд ва минбаъд ин нобудшавӣ ба устод таъсири бад расонда, як муддат ёддошт карданро қатъ мекунад. Ва боз аз ибтидои солҳои 60-ум ёддоштнависиро сар мекунад, зеро медонад, ки ёддоштнависии шахсиятҳои фарҳангӣ, агар беғаразона ва хайрхоҳонаву оқилона бошад, минбаъд чун дастоварди миллӣ аҳамият пайдо мекунад, чуноне ки устод дар яке аз хотироташ таъкид намудааст: «Ҳамватанони азизам! Ҳар як мактуб, хатча, сурат ва ҳуҷҷати адибу олиму рассому артисту оҳангсозу ҳайкалтарошу кинобарори миллии хурду калони худро маҳфуз доред. Пас аз 50-100 сол ҳуҷҷатҳои муҳимми таърихӣ, илмӣ, маданӣ ва адабӣ хоҳанд гашт».
Дар ҳақиқат, вақте ки рӯзномаи устод Табаровро варақ мезанем (устод лутфан иҷозат дод, ки се дафтари хотираашро варақ гардонам), аҳамияти илмӣ, таълимӣ ва тарбиявии онро беш аз пеш эҳсос мекунем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё