Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дафтари хотираи №2 аз 25.
02. 1941., вақте ки Соҳибназари 17-сола дар курси дуюм мехонд, оғоз меёбад ва ин навиштаҳо таъкид бар он доранд, ки устод аз ҳар рӯзи донишҷӯӣ басо пурсамар истифода мекардааст: 28.02.1941. Ба болои Фонвизин корро давом додам.
Ин реферат доир ба адабиёти руси асри ХУ11 мебошад. Ба компанияи интихобӣ ба Совети Миллатҳо чун пропагандист ба колхози «Озодии занон №1» рафтам. Ин колхози шефии мо аст.
Устод фаъолияти ҳаррӯзаи донишҷӯияшро мухтасар қайд мекунад ва ин қайдҳо, ки ба рӯзҳои душвори пеш аз Ҷанги Бузурги Ватанӣ рост меоянд, ба донишҷӯёни имрӯзаи Тоҷикистон намунаи ибратанд: 4.03.1941. Корро аз болои реферати «Фонвизин – комедиянависи бузурги асри 18» тамом кардам. Соати 6 ба участкаи интихоботӣ ба Совети Миллатҳо аз округи № 212 ҳамчун пропагандист рафтам.
Соати 8 доклади рафиқ Астафев (муаллим) «Маркс, Энглис дар бораи Шекспир»-ро шунидем.
Албатта, қайдҳои давраи донишҷӯии устод аз лиҳози муҳтавои илмӣ ҳанӯз шогирдонаанд, вале дар онҳо муҳокима ва баҳодиҳии мустақилона ба асарҳои бадеӣ равшану возеҳ эҳсос мегардад ва аз ояндаи неки фаъолияти мунаққидии эшон дарак медиҳад: 15.04.1941. Ба анализи диалектҳо дар «Шодӣ» машғул шудам. Икромӣ қаҳрамони худро барои фарқ намудан танҳо аз рӯи забон – диалекташ нигоҳ мекунад. Айнӣ тамоман дигар. Вай ҳамчун устоди бузург. Ҳеҷ кас намегӯяд, Одина аз Қаротегин нест. Ҳама ӯро қаротегинӣ (на аз забонаш, балки аз рафтору кор, хулқу ахлоқ, донишу фаҳмиш) мешуморанд. Икромӣ, аз устод омӯзед!
Устод Табаров дафтарҳои хотираи давраи баркамолиашро «Таассуроти ақлу дил» ном гузоштааст ва бо ҳамин вусъати андеша ва умқи муҳокимаҳои илмиро дар ин дафтарҳо таъкид намудааст. Банда дафтарҳои № 1 ва №4 «Таассуроти ақлу дил»-ро варақ задам. Агар дафтари № 1 аз миёнаи апрели соли 1968 оғоз ёбад, пас дафтари № 4 ибтидои феврали соли 1969 ба анҷом мерасад. Яъне, дар зарфи 10 моҳ қайди хотираҳои устод чор дафтари 96-варақаро фаро гирифтаанд, ки ин аз қобилияти фавқулоддаи заҳматписандии эшон дарак медиҳад!

пешина
аз 148
навбатӣ