Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин усули лексияхонӣ ва баёни мавзӯъ ба устод имконият медиҳад, ки ба донишҷӯён аз наздик шинос шавад, дар ҷараёни саволу ҷавоб қобилият, малака ва майлу рағбати онҳоро ба қисматҳои гуногуни адабиёти бадеӣ муайян кунад ва минбаъд дар асоси ташхис ҳар ҷавонро ба ин ё он масъалаи илмӣ ҳидоят намояд. Фикр дорам, ба насри бадеӣ машғул шудани Юсуф Акобиров ва боз оид ба зиндагӣ ва эҷодиёти Садриддин Айнӣ асари публитсистие таълиф намудани ин нависанда маҳз ба ҳидояти устод Табаров сурат гирифтааст: «Юсуф Акобировро аз ҳангоми таҳсилаш дар университет мешиносам. Касе хабарам дод, ки студент Акобиров аз Соктаре, ватани устод Айнӣ, аст. Пас, маълумоти дигаре ба гӯшам расид: Акобиров худаш аз авлоди устод Айнӣ аст. Аз ҳамин сабаб чи дар маҳфили «Адибони ҷавон»
ва чи дар лексияҳоям ба ӯ супориш додам, ки доир ба Айнӣ ва авлоди ӯ материал (ҳикоя, нақл, ривоят…) ҷамъ намояд, чунки вай аз он маҳаллест, ки оид ба Айнӣ нақлу ривояти зиёде мавҷуд аст ва аз имрӯз он материалҳоро ҷамъ кардан лозим аст».
Устод Табаров дар миёни пешаҳои муаллимӣ ва мунаққидӣ як пайвастагӣ ва монандии комил дарёфтааст, зеро касби мунаққидӣ ҳам дорои мушкилиҳои зиёд буда, ба такмили маҳорати эҷодии адибон ва инкишофи ҷараёни адабии давр равона шудааст, вале мунаққид ба назарҳо намоён нест ва, баъзан, зарра барин хатои ӯро мисли фил нишон медиҳанд. Ва устод чун шахси душворписанду собитқадам маҳз ин ду пешаи тақдирсозро интихоб кардааст: «Бигузор ҳақоратам кунанд, ба ҳамааш тоб меорам, аммо ин ҳарду касби дӯстдорамро қатъ намекунам. Муаллимӣ ва мунаққидиро то зиндаам, дӯст хоҳам дошт».
Устод Табаров бо хоксорӣ ва фурӯтании ба худ хос моҳияти иҷтимоӣ ва илмии «Таассуроти ақлу дил»-ро маҳдуд арзёбӣ менамояд ва ин навиштаҷотро сирф баёни ҳолатҳои шахсӣ медонад: «Дар ин хотираҳо ғайр аз таассуроти шахсӣ чизеро қайд карданӣ нестам.

пешина
аз 148
навбатӣ