Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Лабораторияи эҷодӣ ва илмиамро шарҳ доданӣ нестам, чунки ҳар як фарди илмпарвар роҳу равияи хоси худро дорост ва аз ин ҷост, ки чизе аз фаъолияти мунаққидӣ ва адабиётшиносиямро баён намекунам».
Вале хонанда аз ин ёддоштҳо ҳам ба фаъолияти адабиётшиносӣ ва ҳам ба фаъолияти мунаққидии устод равшану возеҳ огоҳӣ меёбад. Мулоҳизаҳои устод оид ба назарияи танқиди адабӣ, предмети омӯзиш ва рӯҳи иҷтимоии он, таърихи пайдоиш, таҳаввул ва иртиботи он ба дигар қисматҳои адабиётшиносӣ хеле қавӣ ва пурмуҳтаво мебошанд. Аз мулоҳизаҳои пайдарпайи адабиётшиносии устод кас гумон мекунад, ки мундариҷаи китобҳои устод маҳз дар дафтарҳои хотирот тарҳрезӣ шудаанд: «Танқиди адабиро ойинаи афкори эстетикӣ-бадеӣ шуморем, хато нахоҳем кард.
Дар ҳар давраи таърихӣ ва таърихи адабӣ танқиди адабӣ моҳияти асосии масъалаҳои инъикоси воқеияти зиндагиро ба воситаи образҳои бадеӣ мекушояд; роҳи минбаъдаи тараққиёти эҷоди бадеиро муайян мекунад; хислатҳои беҳтарини протсесси адабиро дастгирӣ мекунад ва тамоилҳои зарарнок ва қафомондаро фош мекунад; ҳодисаҳои адабӣ, асарҳои ҷудогонаи адибонро дар инкишоф ва тараққиёти рӯзафзуни афкори адабӣ-бадеӣ таҳлил менамояд ва ғайра».
Ҳамин тариқ, дар дафтарҳои «Таассуроти ақлу дил»
асарҳои хурду калони Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Раҳим Ҷалил, Ашӯр Сафар, Фазлиддин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Пӯлод Толис, Ҳабибулло Файзулло, Гулрухсор… мавриди мулоҳизоти мухтасар ва муфассал қарор гирифтааст. Ҷолиб аст, ки намояндагони адабиёти муосири тоҷик ҳамеша дар заминаи суннатҳои адабии ҷаҳон ва иртибот ба осори пурарзиши классикони адабиёти тоҷик баҳогузорӣ мешавад. Соли 19712 60-солагии шоири бузурги тоҷик Мирзо Турсунзода дар тамоми қаламрави Иттифоқи Шӯравӣ ботантана таҷлил мегардад ва устод дар дафтари хотирот сабабҳои машҳурӣ ва мавқеи ҷаҳонӣ пайдо кардани ин суханвари воломақомро қайд карда, андешаҳояшро чунин хулоса менамояд: «Бузургонро бузургон тавлид мекунанд.

пешина
аз 148
навбатӣ