Муҳаққиқи соҳибмактаб

Турсунзода аз мактаби Низомиву Ҳофиз, Саъдиву Ҳилолӣ, Камолу Биноӣ, Айниву Лоҳутӣ, Пайраву Раҳимӣ ба олами адабиёти оламгири (назми) тоҷик дохил шудааст. Ин сарварону саромадони назм роҳи минбаъдаи эҷодиёти шоири ҳассос ва ҷӯянда – М.Турсунзодаро муайян кардаанд.
Агар Кантемир, Сумароков, Ломоносову Державин асоси назму рукни адабиёти русро намегузоштанд, А.С.Пушкинро лозим меомад, ки кори онҳоро сар кунад ва дар ин ҳолат Пушкин … то ба дараҷаи адиби ҳабиби ҳамаи халқҳои олам (адиби байналмилалӣ) намерасид. Ба бузургии М.Турсунзода низ пешгузаштагон роҳбаладӣ намуданд».
Рафти муҳокима ва андешаҳои устод дар масъалаҳои гуногуни адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ басо қавӣ ва сергунҷоиш ба назар мерасад. Ин олими муқтадир адабиёти ғановатманди форсу тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намуда, мавқеи классикони адабиётамонро бо роҳи муқоиса ба бузургони адабиёти дигар миллатҳо муайян менамояд. Устод достони «Мазҳакаи Илоҳӣ»-и шоири маъруфи итолиёвӣ Алигери Дантеро дар тарҷумаи русӣ мутолиа намуда, ба чунин натиҷа мерасад, ки: «Мазҳакаи Илоҳӣ» чун «Мазҳакаи инсонӣ» шоҳасарест, ки таърих тимсолашро хеле кам дидааст. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо мавзӯъ, мазмун, образҳои барҷастааш аз чунин шоҳасарҳо хеле баланд истад ҳам, онҳоро бо ҳам муқобил гузоштан мумкин нест. Ҳар кадом вазифаи таърихӣ, ҷамъиятӣ, роли философӣ-эстетикии худро баҷо меорад ва ҳарду шоҳасарҳои бузурги оламшумул ба шумор мераванд. Таърих чи дар назди Данте ва чи дар назди Фирдавсӣ вазифаи конкретӣ гузошта буд ва онҳо чун фарзандони давраи конкретӣ ин вазифаи таърихиро бо сеҳри қалами бадеӣ иҷро карданд».
Андеша ва муҳокимаҳои устод Табаров дар «Таассуроти ақлу дил» дигар соҳаҳои санъатро низ фаро гирифтаанд. Устод оид ба санъатҳои тасвирӣ, мусиқӣ, театр, кино ва намояндагони барҷаставу оламшумули онҳо чун мутахассиси варзида сухан меронад, ба дараҷае ки дар чанд ҷумла аҳамияти эстетикӣ ва иҷтимоии ин ё он навъи санъат бозгӯ мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё