Муҳаққиқи соҳибмактаб

Дар ҷевонҳои қироатхона тамоми дастхатҳову ҳуҷҷатҳои устод, тақризҳо ба корҳои илмии аспирантон ва донишҷӯён, ҳамчунин рӯзнома ва маҷаллаҳои гуногун, аз ҷумла қариб тамоми нусхаҳои пешини маҷаллаи «Садои Шарқ», «Илм ва ҳаёт», «Хорпуштак» нигаҳдорӣ мешаванд.
Ҷолиб аст, ки устод Табаров то тавониста, тамоми ҳуҷҷатҳои расмии дар давоми умри бобаракат аз тарафи ҳукумат ва муассисаҳои дигар ба ӯ додаро нигоҳ доштааст.
Масалан, тобистони соли 1940 дар Муъминобод Соҳибназарро барои шиноснома гирифтан ду фелдшер муоина карда «дар соли 1924 таваллуд шудааст» гӯён маълумотнома медиҳанд. Устод дар ёддошти «Чӣ рӯзҳое аз сарам гузаштааст» қайд мекунад, ки: «Ҳамин справкача бо муҳри шуъбаи паспорти Муъминобод дар бораи гирифтани паспорт маҳфуз аст».
Таваҷҷуҳи моро бештар китобхона ҷалб намуд. Китобхона, мувофиқи рӯйхати мудири «Ганҷина…» Олимҷон Табаров, домани чор ҳазор китобро фаро мегирад, ин китобҳо дар ҷевонҳо батартиб гузошта шудаанд ва, асосан, адабиёте мебошанд, ки устод Табаров дар муддати умри бобаракат гирд овардааст ё ин ки муаллифони гуногунихтисосу гуногунмартаба ба эшон тақдим кардаанд. Китобҳо бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ буда, қисман ба масъалаҳои адабиётшиносӣ ва нақди адабӣ оид мебошанд. Дар баробари ин, дар китобхона оид ба забон, фолклор, таърих, мусиқӣ низ адабиёти зиёди илмӣ, тавзеҳӣ ва дарсӣ вуҷуд дорад. Рафҳои китобхонаро асарҳои нодир, аз қабили «Большая советская энциклопедия» (ҷилдҳои 1-51), «Всемирная история» (ҷилдҳои 1-9), «История русского искусства» (ҷилдҳои 1-12), «Всеобщая история искусств» (ҷилдҳои 1-3), «Искусство Средней Азии эпохи Авиценны», «История античной литературы»… ва луғатномаҳои гуногуни тафсирӣ, дузабона ва чандзабона шукӯҳ бахшидаанд.
Ҳамчунин, дар рафҳои китобхона осори бадеии адибони классикиву муосири тоҷику рус ва яке қатор халқҳои дигар чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Низомии Ганҷавӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Дониш, А.С.Пушкин, А.П.Чехов, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Расул Гамзатов, Чингиз Айтматов…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё