Муҳаққиқи соҳибмактаб

бо тартиби муайян чида шудаанд.
Бояд гуфт, ки устод Табаров дар дастрас кардани китобҳо басо собитқадам аст. Бар замми он ки устод Табаров ва ҳамсари азизаш муаллима Ванда Витолдовна ҳамвора як қисми маблағи маошашонро сарфи харидани китоб мекарданд, дар замони шӯравӣ ҳар сол ба домулло чун узви вобастаи АИ Тоҷикистон 175 доллари америкоӣ барои харидани китобҳои тахассусии дар хориҷи кишвар чоп гардида медоданд ва устод аз ин маблағ басо самаранок истифода мекард.
Домулло дар яке аз дидорбиниҳо иброз дошт, ки: «Ба шогирдам Раҳимҷон Мусулмонқулов асарҳои Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва Атоулло Маҳмуди Ҳусайнӣ лозим шуд ва мебоист онҳоро аз давлати Эрон дастрас мекард. Ин асарҳоро тавассути доллари америкоӣ аз Эрон харидорӣ кардем».
Олими рус Н.И.Матсуев дар мақолаи «Китобхонаҳои шахсии адибон» гуфтааст: «Чунин китобхонаҳо метавонанд майлу рағбати ҷамъиятӣ ва илмиеро, ки нависанда дар он муҳит зиндагӣ карда, дар эҷодкорӣ таъсир гирифтааст, инъикос намоянд»(13,135). Ва устод Табаров низ вобаста ба майли илмию ҷамъиятӣ китобҳои зиёде ҷамъоварӣ намуд ва табиист, ки «Ганҷина…» кулли ин китобҳоро фаро нагирифтааст. Мунаққид бархе аз китобҳояшро ба китобхонаҳои пойтахти ҷумҳурӣ тақдим карда буд. «Умуман дар муддати 10-15 соли охир, – қайд кардааст устод апрели соли 1960, – ба китобхонаҳои Академия, ба номи Фирдавсӣ, Университет зиёда аз 200-300 китоб, журнал, оттиск, реферат супоридам.
Онҳо ба хонандагон бояд фоида расонанд. Дар як ҷо хобидани онҳо, агар тез-тез зарур набошанд, лозим набудагист, алалхусус ки ҷойи китобмонӣ дар хонаи мо хеле кам аст».
Ва як қисми китобҳо алҳол дар хонаи домулло, дар Душанбе, мебошанд. Бо вуҷуди ин, шумораи китобҳои китобхонаи «Ганҷина…» аз ҳисоби туҳфаҳо аз шахсиятҳои алоҳидаи фарҳангӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё