Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шогирдон ва ихлосмандони устод алҳол ба ин осорхона зиёда аз 500 китоб тақдим кардаанд. Аз ҷумла, профессор Абдурраҳмон Маҳмадов домани 300 китобу маҷалла туҳфа кардааст.
Ҷолиб аст, ки дар саҳифаҳои аксари китобҳои китобхона, чи адабиёти илмӣ ва чи адабиёти бадеӣ, нақши қалами устод мушоҳида мешавад. Ин қайдҳо баъзан мухтасар ва баъзан муфассал мебошанд ва дар ҳама ҳолат чун ифодакунандаи муносибати танқидии мунаққид ба лафзу маънии асарҳо ба назар мерасанд. Масалан, дар ҷилди якуми «Донишномаи Рӯдакӣ» (Душанбе, 2008), ки аз 592 саҳифа иборат аст, аз аввал то охир қайду эроди устод мушоҳида мешавад. Бо чанд услуби нигориш китобат ёфтани мутуни донишнома боиси қайди зерини мунаққид гардидааст: «Даҳҳо услубро кор фармудед. Як маҳаррири доно мебоист онҳоро бо ҳам наздик мекард ва энсиклопедӣ менамуд».
Дар ҳақиқат, як хусусияти адабиёти эзоҳӣ, аз ҷумла асарҳои энсиклопедӣ, аз он иборат аст, мақола ё матнҳои эзоҳӣ (новобаста аз он ки муаллифони бисёр ширкат меварзанд) аз ҷиҳати нигориш ягона, мухтасар ва ба ҳамаи хонандагоне, ки матн ба онҳо нигаронида шудааст, дастрас бошад.
Бинобар ин, дар ин гуна асарҳо вазифаи муҳаррир ё муҳаррирон ниҳоят масъулиятнок мебошад.
Ҳамчунин, устод баъзе калимаҳоеро, ки дар ашъори Рӯдакӣ истифода шуда, дар ҷилди аввали «Донишномаи Рӯдакӣ» шарҳу эзоҳ наёфтаанд, чун аҷиб, бингоштанд (ҷамъ 60 калима) қайд карда, фикри худро бо порчаҳои шеърӣ тасдиқ мекунад. Аҷиб:

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

Ҳамчунин, дар китбхона китобҳои бисёре аз шахсиятҳои
маълуму машҳур ва навқаламони Тоҷикистон ва берун аз он
бо соядастони муаллифон нигоҳдорӣ мешавад, ки аз
ҳамкории хайрхоҳона, ҳусни таваҷҷуҳ ва эҳтироми онҳо ба
устод Табаров дарак медиҳанд. Устод дар дафтари рақами 4

пешина
аз 148
навбатӣ