Муҳаққиқи соҳибмактаб

Замима
Соҳиб Шуҳратиевич Табаров
ЁДЕ АЗ ГУЗАШТАРӮЗҲО
(Аз дафтари «Таассуроти ақлу дил»,
№ 118, аз 20. 11. 2013)
ТАЪРИХИ ЗОДРӮЗИ МАН ДАР СОЛИ
ДУВУМИ ҚАҲТИИ 1931-1932
Падарам тирамоҳи соли 1932 ҳангоми хазонрезӣ маро ба хонаи бачагони Муъминобод ба назди акаам (Илоҳо, ҷояшон ҷаннат ва рӯҳи муборакашон шод бошад) Мирзо (Мирзоназар – ман ӯро то охир бо ҳамин ном мехондам) оварда, ба ӯ супорид. Дар вақти ба қайди хонаи бачагон гирифтанам ному насабамро Соҳиб Тавар ва соли таваллудамро 1923 (аз рӯи мулҷар – хубон) шумориданд ва ҳуҷҷатам доданд. Аз ҳамон рӯзи соли 1932 то соли 1940 дар тамоми ҳуҷҷатҳои расмии хонаҳои бачагони (детдом) Муъминобод, Тебалай, омӯзишгоҳҳои педагогии Самарқанд, Панҷакент, Кӯлоб, Институти педагогии Сталинобод соли таваллудам 1923 ба қайд гирифта шуда буд. Дар Панҷакент (соли 1936) маро чун «Соҳиб Табаров» ба қайд гирифтанд.
Ба сабаби он ки дар даврони амирӣ қайди аҳолӣ расм набуд, ҳеҷ кас шаҳодатномаи рӯзу моҳу соли таваллуд надошт.
Бинобар ин ман ҳам чунин ҳуҷҷат надоштам ва ҳамин хел гӯё пинҳонӣ курси якуми Институти педагогии Сталинобод ба номи Шевченкоро бе паспорт хатм кардам. Ҳангоми таътил ба Муъминобод рафтам. Барои гирифтани паспорт (шиноснома) ба шуъбаи паспорти Шуъбаи корҳои дохилии ноҳия муроҷиат намудам. Ба сабаби метрика (шаҳодатнома)- и таваллуд надоштан, маро барои муайян кардани соли таваллудам ба беморхонаи ноҳия фиристониданд. Ду фелдшер маро муоина намуда, аз рӯи инкишофи қаду бастам шонздаҳсола буданамро «муайян» карданд, ки он баробар ба соли 1924 мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё