Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр, аз соли 1940 шурӯъ намуда то ба ин рӯз соли таваллудам 1924 ҳисоб гардид. Имрӯз аз рӯи мулҷарам ман 90- сола ва аз рӯи спровкаи ду фелдшер 89 – солаам. (Ҳамин справкача бо муҳри шуъбаи паспорти Муъминобод дар бораи гирифтани паспорт маҳфуз аст). Аз соли 1945 худам бо оилаам тахминан моҳи таваллудамро даҳаи сеюми моҳи ноябр (23 ноябр) эълон намудем, ки ин таърих абадӣ таърихи мавлуди ман гардид.

ОВАРДАНАМ БА ХОНАИ БАЧАГОН

Соли 1931. Тирамоҳ. Оғози солҳои қаҳтӣ (голодомор).
Давраи душвор ва зиндагии вазнини мардум, аз ҷумла оилаи мо – падари камбағалам ва ду писари ӯ, яъне ман ва бародари ба ҷон баробарам – Мирзоназар буд. Зиндагӣ барои оилаи мо низ рӯз то рӯз душвор мешуд. Падарам моро бо пуррагӣ хӯронида наметавонист. Дертар овозаи таъсиси ноҳияи Муъминобод ва хонаи бачагон (детдом) то ба Дуоби Миёнаи мо ҳам паҳн шуд. Якто-нимто падарон писаронашонро ба ин хонаи бачагон бурда медоданд. Аз байни аҳолии он мавзеъ падари бузургвори мо (Илоҳо, ҷояш ҷаннат бошад) Табар валади Раҳим валади Эмом валади Рустам якумин шуда писари бузургаш Мирзоназар (соли таваллудаш1919) – ро дар ҳамин тирамоҳи соли 1931 ба хонаи бачагон оварда месупорад.
То ин вақт, чуноне ки андаке хабар дорам (аз 3 – 4 – 8 – 9 солагиам), ману бародарам бо падарам танҳо зиндагӣ мекардем. Падарам моро худаш танҳо бе модар тарбият мекард.
Дӯстони наздикаш Яъқуби ғузаҷоғӣ, Сафари архабиёнӣ ва дигарон ҳарчанд, ки аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки зан бигирад, то кӯдакону худаш азоб накашанд, вале ӯ бо як ҷумлаи кӯтоҳи «инаш (модарамон - С.Т.) ба бачаҳоям чӣ хубӣ кард, ки онаш (зани бегона- С.Т.) кунад», – гӯён таклифашонро рад мекард.
Падари раҳматиамон мувофиқи қобилияташ худаш либосҳоямонро мешуст, поргӣ мекард, қумоч мепухт, оббозӣ медоронд ва дигар кору кочолро мекард.

пешина
аз 148
навбатӣ