Муҳаққиқи соҳибмактаб

Падари азизам бошад, ду – се маротиба омада маро хабар гирифт. Ӯ охирон маротиба соли 1933 ба хабаргирии ман омаду баъд ба назди бародарам Мирзоназар ба Тебалай рафта, ӯро низ хабар гирифт.
Акаам баъдҳо нақл мекард, ки ҳангоме падарамон ба назди ӯ омада буд, рангу рӯяш заъфаронӣ ва худаш лоғару беҳолу бемадор (яъне касали вазнин) будааст. Вақте ки бародарам аз ӯ дар масъалаи ин афгориву бемадориаш пурсидааст, ӯ гуфтааст, ки дарунрав шудааст ва аҳволаш бад аст.
Боз «ҳеҷ гап нест, шумо ғам нахӯред, ман хубам» гуфтааст.
Ва суханашро давом дода гуфтааст, ки дар Қурбоншаҳид ва Эмомалӣ муҳоҷирони дуобӣ бисёранд, ки дар байнашон дар Эмомалӣ тағобачааш ҳам ҳаст. Баъд ӯ аз Тебалай рост ба Эмомалӣ меравад ва дар хонаи он тағобачааш чанд рӯз мемонад… Ҳамин тавр, ману акаам аз ҳамон тирамоҳи соли 1933 паи падари бузургворамонро гум кардем.
Баҳори соли 1934 маро бо гурӯҳе аз бачагон аз Муъминобод дар аробае савор карда бо роҳи аробакашии Даҳана ба хонаи бачагони Тебалай оварданд ва боз бо бародарам (раҳматашони кунад) якҷоя шудем. Дар ин муддат ҳеҷ кадоме аз ду бародар аз падар дараке надоштем ва ба умеди дар қайди ҳаёт будани падарамон зинда будем ва дар моҳи июл– августи соли 1934 роҳи Омӯзишгоҳи педагогии (Педкомбинат) тоҷикии тоҷикони РСС Тоҷикистон ба номи Вячеслав Михайлович Молотови Самарқанд ва аз он ҷо дар охири моҳи июни соли 1936 ба Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент ба номи Луначарскийро пеш гирифтем.
Ҳамсолони мо ва аз мову бародарам бузургтари талабагони тоҷикистониро дар солҳои «инқилоби маданӣ» аз Самарқанд барои муаллимӣ дар курсҳои маҳви бесаводӣ ва чалласаводӣ ба зодгоҳҳояшон фиристоданд. Аммо акаам барои мани фалаҷ шуда, ба зодгоҳаш рафтан нахост ва бо ман ба Панҷакент омад. Дар рӯзҳои таътили июл – августи соли 1936 акаам ишқи аввалинаш – духтари 15 – 16-солаи панҷакентии донишҷӯйро ёфт ва ба тамоми ҳастӣ шефтаи ҳамдигар шуданд. Ӯ Назрӣ ном духтаре буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё