Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷавонбачагони панҷакентӣ аз ин «кори бачаи кӯлобӣ» ба ҷаҳл омада, аз охири июли соли 1936 ба таъқиби Мирзоназари акаам оғоз намуданд. Ӯ, ки хеле ҷавони бузбала буд ва дар Тебалаю Самарқанд атамании (шеф, роҳбар)-ии як гурӯҳи калони детдомиёнро дар ӯҳда дошт (ба гурӯҳи дигар Гадоӣ Одинаев сарвар буд), хеле нотарс буд. Ҳол он ки Гадоӣ Одинаев, Қадамови помирӣ, Орзуи ғармӣ, Эргаш Рӯзии шӯроободӣ ворӣ чандин бузбалаҳо буданд, вале аз Гадоӣ Қурбонови кангуртӣ, Хол Ширини кӯлобӣ ва мани шали беҷон ҳеҷ кадоме ба мадади акаам (худораҳматӣ) баромада наметавонистем. Мирзоназари азизам ҳар дафъаи лату кӯб хӯрданаш ба хобгоҳ каб – кабуду ранҷур бармегашт. Аз ин сабаб дар нимаи дувуми августи соли 1936 маро огоҳ намуд ва хабарам дод, ки ба Муъминобод меравад ва ин гапро ба Назрӣ нагӯям. Ӯ ба Муъминобод омада дар се совети қишлоқ мудири мактаб ва дар деҳоти Хразмонӣ ва Метиндара муаллим шуд.
Акаам дар моҳҳои сентябр – октябри ин соли 1936 аз фавти қиблагоҳамон огоҳ гардида бошад ҳам, то вақти таътили соли 1937 дар ягон мактубаш дар ин бора хабарам надода буд. Ӯ (бародари азизам Мирзоназар) ҳар моҳ ба Панчакент мактубе навишта таъкидам мекард, ки ҳатман нағз хонам ва соҳиби илми асил шавам ва ҳеҷ гоҳ ба роҳи бад наравам, касбу ҳунар ёд гирам ва аз бетаҷрибагиаш дар даруни номаҳояш панҷ сӯмӣ равон мекард. Вале дар хусуси фавти падарам даҳон намекушод.
Вақте соли таҳсили 1936 – 1937 – ро бо баҳои аъло бо Раҳматулло Шукурови профессори оянда, Икромоваи модари раиси ояндаи Душанбе, Расулови савдогари номии Панҷакент тамом карда, ба курси (асоси) дувум гузаштам, ғайр аз дафтари студентиам боз справка оид ба он ки ман студенти омӯзишгоҳ ҳастам ва ҳоло дар таътили тобистонаам, бо худ доштам. Ба сабаби он ки як сол бе ҳимояи акаам будам, бо ҳамон ду ҳуҷҷат, пулҳои аз стипендия ҷамъовардаам ва панҷсӯмаҳои акаам роҳи Муъминободро пеш гирифтам. Дар ёдам нест, ки ман чӣ тавр роҳҳои байни Панҷакент – Самарқанд – Сталинобод – Кӯлобро тай кардам, вале ҳамон ду ҳуҷҷатам, бо пулҳои ҳалолам харидани билети поезд, автомобил, имконам доданд, ки бе дахолати милитсия то Кӯлоб расам.

пешина
аз 148
навбатӣ