Муҳаққиқи соҳибмактаб

Дар маъракаҳои хосагии хонаи худам як шаборӯз пештар чои ғафси сиёҳи ҳамранги коняк омода (тайёр) карда ба шишаи холии каняки дар хонаамон буда дар наздам мегузоштам ва то охири меҳмондориамон аз он менӯшидам ва ҳеҷ гоҳ меҳмононамон аз ин корам огоҳ намешуданд.
Ана ин аст қимати насиҳати бародаронаи ҷӯраи ҷонии
Ашӯр Ҳалимам.
ШУҒЛИ НАХУСТИНАМ,
БА КАСБИ АСОСИАМ
Тобистони соли 1937, ҳангоме ки ман ба Кӯлоб омада дар курсҳои такмили ихтисоси муаллимони вилояти Кӯлоб дар назди Институти такмили ихтисоси кормандони маориф бародарамро ёфтам, пеш аз он ки маро ба Чорраҳа фиристонад, дафтарчаи студентӣ ва қайд дар бораи хатм намуданро дар асоси (курси) якум ва гузаштан ба асоси (курси) дувум ва справкаамро дар хусуси таътили соли таҳсили 1936 – 1937 аз назар гузаронида гуфт, ки бо ин ҳуҷҷатҳо ҳатман ба муаллимӣ қабулам мекунанд ва амр намуд, ки ҳатман ба назди мудири шуъбаи маорифи Муъминобод равам, то ки маро ба муаллимии яке аз курсҳои маҳви бесаводиву чаласаводии ягон деҳаи ҷамоати Кундошаҳр ба кор қабул кунад.
Ман ба ҷону дил ин супориши акаамро ба ҷо оварда, баъди 2 – 3 рӯзи дар Чорраҳа монданам боз бо ҳамон роҳи бо Сафари Сигова омадаам лангон – лангон ба Муъминобод баргаштам. Ман ба шуъбаи маориф даромада ба деҳаи Гузаҷоғ ба унвони раиси колхози «Озодии занон» дар бораи ба вазифаи муаллими курси маҳви бесаводӣ ва чаласаводии колхоз таъин шуданам нома гирифтам. Раиси колхоз чун модар маро қабул кард, аз хонаи худаш анҷоми хоб оварду як хоначаи идораашро ба ман дода, асбобу анҷоми хониш (доска, бӯр, дафтар барои занону модарон ва деҳқонони бесавод ва чаласавод, як миқдор рӯзномаи барояшон чопшаванда – «Васияти Ленин» ва ғайра)–ро муҳайё сохт ва ба бригадири колхоз фармон дод, ки ҳар рӯз ба саҳро дар хараш доска ҳам барад, то баъд аз хӯроки нимрӯзӣ дар ҳамон ҷояшон ягон соат аз рӯи «Алифбо» ман хатту саводи занону модарони колхозро, андаке ҳам бошад, барорам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё