Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ин меҳру шафқати раиса ғайр аз вазифааш ва талаботи солҳои «инқилоби маданӣ» он ҳам буд, ки қариб ҳамаи аҳолии Гузаҷоғ бобои Таварро, ки тез – тез моро ба хонаи ҷӯрааш бобои Яъқуб мебурд, хуб медонистанд.
Ҳамин тавр, ман ҳамчун донишҷӯи курси (асоси) якуми омӯзишгоҳ (дар Панҷакент) якумин бор ба касби абадиам – муаллимӣ дар соли 1937 оғоз намудам, ки онро то ба имрӯз – соли 2013 асри 21 идома дода истодаам. Ман бо ин касбам ифтихор мекунам, зеро тамоми фаъолияти илмию мунаққидӣ ва адабиам ба ҳамин касбам вобастагӣ дорад.
ДОХИЛШАВИАМ БА
ОМӮЗИШГОҲИ ПЕДАГОГИИ КӮЛОБ
Пас аз он ки дар охири моҳи августи соли 1937 акаам курсро хатм карда баргашт, бригадири колхоз тахтаи дарсиро ҷамъ карда ба хараш бор карда ба хонааш бурд. Ман бошам, бо талабагону толибагонам хайрухуш карда, аз раиса характеристика гирифтам. Баъд аз таъкиди чандкаратаи акаам, ки ҳатман таҳсилро дар Омӯзишгоҳи Кӯлоб идома диҳам, ба шуъбаи маориф бо он характеристикаи раисаи колхоз даромада, ҳисобу китоб карда, дар рӯи ҳавлии чойхонаи сари роҳи Муъминобод - Кӯлоб чанд рӯзро шаб кардам. Ман дар он ҷой бо худам ворӣ 4-5 нафар донишҷӯи Омӯзишгоҳ, аз он ҷумла, Исмоил Саидов (аз Дуоби Боло, шоири дар Вилнюс ҳалокшуда), Амон Бобоев (раиси ҷамоати Тугараки Восеъ), Ҳусайнови қипчоқӣ (аввалин муаллими медалдори Муъминобод) вохӯрдам, ки онҳо ҳамкурсони ман буданд.
Ман ҳамроҳи онҳо дар мошини роҳакие савор шуда, ба Омӯзишгоҳи педагогӣ расидем. Онҳо барои хобгоҳ нома гирифтанд. Ман ба назди директор Абдулло Ҳамроев бо дафтарчаи студентии Омӯзишгоҳи Панҷакент, аз асоси (курси) якум ба асоси (курси) дувум гузаштанам ва ҳам дар таътили тобистона буданам ва аризаам дар хусуси ба Омӯзишгоҳи Кӯлоб ба асоси (курси) дувум қабул карданам, даромадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё