Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ҳамин тавр ман ҳам дар солҳои таҳсили 1937 – 39 ба қатори беҳтарин донишҷӯён дохил шудам. Ҳангоме ки дар Кӯлоб мехондам, бо мукофотҳо қадрдонӣ мешудам, ҳатто ба аъзои комиссияи тафтишотии мусобиқаи сотсиалистӣ байни омӯзишгоҳҳои мо ва Сталинобод дохил шудам. Вақте ки санҷидем, маълум шуд, ки Омӯзигоҳи мо бо нашри «Ғунчаи наврас» аз Омӯзишгоҳи Сталинобод бартарӣ дорад ва мо ҷои аввал ва мукофот (мошини нави боркаш, ки дар он солҳо аз тило ҳам қимматтар буд) гирифтем. Ва мо бо он мошин бо роҳи Сарбанд бо шодии фаромӯшнашаванда ба Кӯлоби азизамон баргаштем.
Маро, ки батамом аълохон будам, на танҳо шаҳодатномаи аъло доданд, балки ба саёҳати фаннӣ (экскурсия ба Москваю Қрим бо ҷӯраи ҷониам Содиқ Исҳоқов) сарфароз гардониданд.
Хулоса, моро пас аз хатми Омӯзишгоҳ ҳамроҳии Содиқҷон бо ҳавпаймои дуҷоае ба Сталинобод оварда, дар боғи назди Хонаи деҳқон фуроварданд. Пас, аз тамоми омӯзишгоҳҳои Ҷумҳурият (Душанбе, Ҳисор, Кофарниҳон, Ғарм, Хоруғ) мо вориҳоро оварда ба поезд савор карда ба сӯи Москва равон карданд (достони Миршакарро ба ёд оред).
Моро бо Флороваи роҳбарамон дар бинои таълимии мактабе ҷой доданд. Ҳар рӯз моро ба тамошои ҷойҳои таърихӣ ва тамошобоби зебои Москва бурда, нишон медоданд ва нақлҳо мекарданд.
Ҳамон соли 1939 соли кушоиши Виставкаи хоҷагии қишлоқи СССР буд. Чанд виставка, аз он ҷумла виставкаи Тоҷикистонро тамошо кардем. Барои ман аҷоибаш он буд, ки дар виставкаи Ҷумҳурии ҷоноҷони худам дарзаи шолии бригадири пешқадами ноҳияи азизи худам аз деҳаи Ғофилободро дидам ва аз хурсандӣ Содиқи рафиқамро оғӯш гирифта мебӯсидам, ки ин аз ватани ман Муъминобод аст.
Чи хурсандии фараҳафзое буд он лаҳза.
Чанд рӯзе аҷоиботи Москваро тамошо кардему бо поезди Москва– Судак равони Қрим шудем. Судак моро хуб пешвоз гирифт ва моро дар як лагери пионерии беҳтарин ҷой карданд. Пагоҳӣ аз хоб хеста тарбияи бадан мекардему худро ба Баҳри Сиёҳ мепартофтем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё