Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ман, ки мутлақо оббозӣ карда наметавонистам, аз лаби баҳр дуртар оббозӣ намекардам. Пас аз наҳориву таҳтул то вақти таоми нимрӯзӣ ба саёҳати фаннӣ ва тамошои ҷойҳои тамошобоб ва дохили шаҳрҳо, аз он ҷумла Феодоссия ва музеи Айвазовский мерафтем. Ин амал то баргаштанамон аз Судак ба Москва ва аз он ҷо ба
Сталинобод давом мекард. Суратҳоям ва дигар маводи ин саёҳатро маҳфуз дошта будам. Лекин дар солҳои ҷанг онҳо дар хонаи Фароғат Орифоваи конибодомӣ ва ё бародарам
Мирзоназар бардод рафтанд. Камеаш дар Осорхонаам мавҷуд аст.

ОМӮЗИШ ДАР ИНСТИТУТИ СТАЛИНОБОД

Вақте дар охири моҳи августи 1939 ба Сталинобод расидем, Флорова моро ба ихтиёри Комиссариати халқии маориф бурда супорид. Дар он ҷо моро раҳпулӣ дода, ба шаҳрҳоямон равон намуданд. Манро роҳбарони Омӯзишгоҳам Ҳамроев ва Раҳимзода дилпур карда буданд, ки дар бораи ҳуҷҷатҳоям фикр накунам ва худашон бо почтаи ҳукуматӣ ҳуҷҷатҳои ман, аз ҷумла шаҳодатномаи аълои хатми Омӯзишгоҳи маҳбубамро, ба Институти педагогии Сталинобод мефиристонанд.
Ман аз Комиссариати халқии маориф баромада дар ҷустуҷӯи Институти педагогӣ шудам. Ҷӯянда ёбанда аст гуфтагӣ барин онро дар кӯчаи Киров, №5 (ҳамон ҷои ҳозирааш) ёфтам. Дари директорро бо тарсу ларз кушодам.
Дар он ҷо зани солхӯрдаеро дидам. Баъд маълумам гардид, ки он русзани нуронию зебову меҳрубон, ғамхор, инсондӯсту мушфиқ котиби комиссияи қабули абитуриентҳо ва котиби директори Институт Евсеев – Чуклина будааст.
Мани якумин бор ба зиндагии мустақилона даромада истода ҳаросида–ҳаросида бо русии каҷу килебам иддаоямро дар хусуси аз Омӯзишгоҳи Кӯлоб фиристодани ҳуҷҷатҳоям чанд ҷумла гуфтам, ки маро модарвор тасалло дода бо забони тоҷикии бурро ором намуд ва ному насабамро пурсид.
Ҳангоми кофтукоби ҳуҷҷатҳои дохилшавандагон (дар он солҳо плани қабул ҳамагӣ 70 – 80 % иҷро мешуд, мисли ҳозира не!!!) дари даруни дигаре кушода шуд ва роҳбар ба котибааш чизе супориш дод ва дар охир кӣ будани ин бачаи лоғару харобро аз Чуклина пурсон шуд.

пешина
аз 148
навбатӣ