Муҳаққиқи соҳибмактаб

Ва устод Лоҳутӣ, ки соли 1941 ба Сталинобод кӯчида буд, дар ин митинг иштирок карда, достони «Наҳру баҳр» - ро хонда буд» (аз суҳбати устод).
Устод Табаров бар он аст, ки барои халқи тоҷик аз адибони муосир касе монанди Лоҳутӣ хизмат накардааст: соли 1922 шоири инқилобӣ вақте ба хоки СССР омаду чанде дар Қафқоз монд, бо яке аз шогирдони содиқ ва дӯстдоштаи И.В.Сталин – С.М.Киров ошно шуд ва назди Кремл, дар яке аз кӯчаҳои марказӣ, хона гирифт. Сталин тавассути Лоҳутӣ дар бораи халқи тоҷик ва таърихи он маълумот пайдо кард.
Ҳатто ҳамон табрикномае, ки ба муносибати тақсимоти ҳудудҳои миллӣ Сталин моҳи марти соли 1925 ба якумин конфренсияи партиявии Тоҷикистон фиристодааст («Салом ба Тоҷикистон…Тоҷикон таърихи бое доранд: қобилияти калони ташкилотчигӣ ва сиёсии онҳо дар гузашта аз ҳеҷ кас пинҳон нест. Коркунони Тоҷикистон! Ба тамоми Шарқ нишон диҳед, ки Шумо беҳтарин фарзандони аҷдодони худ ҳастед, ки байрақи озодиро дар даст маҳкам нигоҳ медоред»
– 33, 34), тавассути Лоҳутӣ сурат гирифтааст. Афсӯс ки дар вақташ ба қадри ин шоири фидоии миллати тоҷик расида натавонистем, хулоса мекунад муаллими мо.
Устод Табаров оид ба донишмандони Иттиҳоди Шӯравӣ сухан ронда, хизмати узви вобастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ Е.Э.Бертелс ва академики АИ Тоҷикистон Абдулғанӣ Мирзоевро дар шарқшиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик басо арзишманд медонад ва таъкид мекунад, ки бори аввал Аҳмади Донишро Е.Э.Бертелс кашф карда, адабиёти давраи нави тоҷикро бо номи ин аллома вобаста намудааст. Дар «Дастхатҳои асарҳои «Аҳмади Калла» ном мақолааш ин олим ҳанӯз соли 1936 Аҳмади Донишро «падари» адабиёти нави тоҷик номида, таваҷҷуҳи адабиётшиносонро ба ин симои барҷастаи фарҳангӣ ҷалб намуд. Е.Э.Бертелс дар қатори шарқшиносони барҷастаи рус А. А. Семенев, М. С. Андреев, В. В. Бартолд ба илми шарқшиносии тоҷик асос гузоштааст ва яке аз шогирдони беҳтарини Е. Э. Бертелс, ки шуъбаи эроншиносии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Ленинградро соли 1939 хатм карда, дар шарқшиносӣ ва адабиётшиносии тоҷик хизмати бедареғ намуд, А.Мирзоев мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё