Муҳаққиқи соҳибмактаб

А.Мирзоев адабиёти баъди асри XV тоҷикро кашф кард ва тавассути як қатор асарҳои бунёдӣ, аз ҷумла «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» (1947), «Мулҳами Бухороӣ» (1948), «Биноӣ» (1957) нишон дод, ки адабиёти асрҳои XVI-XIX тоҷик дар роҳи рушду камоли адабиёти кунунии эронзабонон мақоми басо арзандаеро молик аст.
Фаъолияти илмӣ – тадқиқотии А. Мирзоев басо фарогир ва серпаҳлу мебошад. «Бо ҷасорати хос гуфта метавонем, ки дар қарни XX байни шарқшиносони мамлакатҳои исломӣ се рӯдакишиноси номдор доир ба омӯзиши эҷодиёти Рӯдакӣ доди суханро доданд, - қайд кардааст устод Табаров. – Якеаш Шиблии Нуъмонӣ, дигаре Саид Нафисӣ ва сеюмӣ Абдулғанӣ Мирзоев мебошанд» (45, 24) Устод Табаров ҳамаи он инсонҳои комилеро, ки дар ташаккулу такомули шахсияти ӯ таъсири файзбахш расондаанд, бо сипос ёдовар шуда, махсусан се донишманди барҷастаи Шарқро ба дараҷаи баланд парастиш менамояд:
«Ҳоло дар назди рӯҳи ин се утоди безаволам – Садриддин Саидмуродзода Айнӣ, Евгений Эдуардович Бертелс ва Абдулғанӣ Муҳаммадович Мирзоев саҷда мекунам. Вагарна ҳақир ҳамон кӯҳистоние мебудаму ҳамон кӯҳистоние мемондам ва аз доираи Дуоби дурдастам берун намебаромаа дам» (63, 9).
Соҳиб Табаров дар тарғибу муаррифии адабиёти тоҷик дар кишварҳои Ғарб саҳми муносиб дорад. Аз ин ҷиҳат, дӯстӣ ва ҳамкории устод бо ду адабиётшиноси барҷастаи чех, устоду шогирд Ян Рипка (1886-1968) ва Иржи Бечка (1915-2003) ҷолиби диққат аст. С. Табаров низ Ян Рипкаро устодам ва Иржи Бечкаро дӯст ва бародарам гуфтааст ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёти эшон ба онҳо мукотиба доштааст.
Дар ин мукотибот, ки басо нозукона ва самимонаву лутфомез мебошанд, масъалаҳои мубрами робитаҳои адабӣ, тарҷумаи бадеӣ ва адабиёти муқоисавӣ баррасӣ шудаанд.
Дар яке аз мактубҳояш академик Ян Рипка китоби «Пайрав Сулаймонӣ» - и С.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё