Муҳаққиқи соҳибмактаб

«Дӯсти азиз ва муҳтарам С.Табаров! Устод, барои мақолаҳои Шумо миннатдорам. Нағз аст, ки муносибатҳои фарҳангии тоҷикон ва мардуми чехословакӣ бой мешавад.
Дар Праҳа гурӯҳи адабиётшиносон чопи ҷадиди «Фарҳанги адибони советӣ»(1900-1990) таҳия мекунанд. Камина муҳаррири бахши адабиёти шарқи советӣ ва муаллифи мақолаҳо оид ба адабиёти тоҷик ҳастам. Дар замима барои шумо феҳрасти мақолаҳои тоҷикиро (пешниҳоди банда) мефиристам ва хоҳиш мекунам, ки ақидаи шахсии худро бароям нависед. Агар чизе илова мекунед, бояд як мақолаи дигаре партоед. Дар феҳрист на фақат нависандагон ва шоирон, балки адабиётшиносон ва истилоҳҳои адабӣ низ воқеанд.
Мебахшед, ки заҳмат медиҳам. Бо саломи самимона дӯсти шумо ва шогирд Иржи Бечка»(53, 17-18).
Аз мактубҳои Иржи Бечка нақши боризи устод Табаров дар таҳкими робитаҳои адабӣ ва фарҳангии халқҳои тоҷику чех баръало мушоҳида мешавад ва, шояд, дастовардҳои илмӣ, маданӣ ва адабию бадеӣ миёни ин ду халқ боз ҳам зиёда мегардид, агар таклифҳои батакрори Иржи Бечка ва Ҷамъияти шарқшиносии Чехословакия оид ба ташриф ва мулоқотҳои илмии устод Табаров дар Праҳа аз тарафи зимомдорони даврони Тоҷикистони Шӯравӣ ба инобат гирифта мешуд.
Афсӯс, аз нооромиҳое, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри XX бар асари пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Чехословакия сурат гирифт, мукотибаи ин ду донишманди маъруфи ҷаҳонӣ (охирин мактуби Иржи Бечка 8 октябри соли 1991 ба дасти устод Табаров расид) қатъ гардид, вале донишманди тоҷик то тавонист вазифаи худро ҳамчун дӯсти бериё ба ҷо овард. Аз ҷумла, эшон ба Раиси Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Паллаев оид ба хизматҳои Иржи Бечка дар соҳаи илму фарҳанги тоҷик мактуби муфассал ирсол намуда, хоҳиш мекунад, ки ин мусташриқи оламшумул ба унвони фахрии Ходими шоистаи илми Тоҷикистон сазовор дониста шавад ва «Ҳазор ташаккур ба аъзои Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки ин унвони ифтихориро ба Иржи Бечка дареғ надоштанд» гӯён изҳори хурсандӣ мекунад (53, 18).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё