Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Табаровро, ҳамон «Пайрав Сулаймонӣ» - е, ки як зумра олимони шинохтаи тоҷик камқиматаш хонда буданд, «тадқиқоти аълодараҷа амиқ ва фавқулодда алоқадор» медонад(53, 4). Ин мусташриқи саршинос, ки «дар Ғарб аввалин шуда оид ба мероси адабии мардуми эронинажод масъаларо ба таври нав гузошта, пас аз шарқшиносони рус, онро мероси муштараки эрониҳо ва тоҷикон донист» (11, 58), ба китобҳои «Пайрав Сулаймонӣ», «Ҳаёт, адабиёт, реализм» (ҷ.1) тақризро навишта, ба муаллифи ин асарҳо баҳои сазовори илмӣ додааст.
Аз мактубҳои муҳаббатомез ва сипозгузоронаи Иржи Бечка (дар китоби «Кашшофи рози адабиёт» 28 мактуб оварда шудааст) маълум мешавад, ки устод Табаров ин олими барҷастаи тоҷикшиносро ба маводи илмии ба ӯ дастнорас таъмин карда, дар айни ҳол ба бисёр масъалаҳои ба дӯсти чехаш торик рӯшанӣ меандохтааст. Дар мактуби 30 августи соли 1980 ирсол намудаи Иржи Бечка чунин сатрҳоро мехонем: «Дӯсти арҷуманду азиз, Соҳибҷон! Барои хат ва китобҳо ҳазор раҳмат. Лутфан дар оянда осоратонро низ бифиристед…
Ва як илтимос дорам. Барои Душанбе доклади хурд оид ба таъсири Ибни Сино дар Чехословакия ба забони тоҷикӣ навиштам. Матни тоҷикии камина албатта бисёр бад аст.
Метавонам ин 5-6 саҳифаро ба Шумо барои ислоҳкунӣ бифиристам».
Ҳамин ёриву дастгирии холисонаи С. Табаров бар Иржи Бечка буд, ки ин олим китоби чандҷилдаи «Таърихи адабиёти форсӣ – тоҷикӣ» - ро таълиф мекунад, Анҷумани чех ва Эронро таъсис медиҳад ва дар маҷаллаи «Бӯстон» - и Анҷуман масъалаҳои адабиёти тоҷикро баррасӣ мекунад.
Иржи Бечка бо вуҷуди он ки аз Соҳиб Табаров 8-9 сол калон аст, дар мактубҳояш худро шогирди олими тоҷик мешуморад ва ба ӯ гоҳ дӯсти азиз, гоҳ профессори муҳтарам, гоҳ муаллим ва гоҳ устоди муҳтарам гӯён муроҷиат мекунад ва батакрор қайд мекунад, ки «Шуморо чун олими бузург мешиносам», «ифтихор мекунам, ки Шумо аз дӯстони камина ҳастед», «мебахшед, ки Шуморо заҳмат медиҳам», «зиёда хиҷолат мекашам» ва ғайра.

пешина
аз 148
навбатӣ