Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва рӯзи душанбе шогирдон устоди азизи худро баъди пиёдагардиҳои чандфарсангии дирӯза хандону шукуфон машғули дарсгӯӣ дида, ҳар сухан ва ҳар муҳокимаи ӯро ба эътиқоди комил ва рағбати том мешуниданд. С. Табаров дарсҳои шевашиносии устодашро чунин васф кардааст: «Ӯ хусусиятҳои хоси ҳамаи шева ва лаҳҷаҳои тоҷикони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистонро аниқу дақиқ медонист ва сомеъ гумон мекард, ки худи вай гӯё дар ҳамон маҳал таваллуд шудааст».
Тобистон баҳсу мунозираҳои илмию таълимӣ миёни устоду шогирдон дар танаффусҳо низ идома меёфт ва дар ин ҳолат устод дар ҳалқаи шогирдон чун дӯсти ғамхор ва бародари калонӣ ба назар мерасид. Ба гуфти С. Табаров, устод Бузургзода ба шогирдон ҳама вақт хеле хоксорона ва хеле ҳалимона муносибату муомила менамуд. Гӯё дар байни банда, Раҷаб Амонов, Тухтасун Ҷабборӣ, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ барин донишҷӯён ва муаллими муҳтарами мо тавофуте набуд. Ҳис намекардем, ки ӯ бовиқор аст, ҳавобаланд аст, баръакс, мекӯшид, ки ҳамаи хислатҳои неки устодию мураббигиро ба мо донишҷӯён бо рафтори неки худ таълим диҳад.
Доираи фаъолияи омӯзгории Бузургзода васеъ буда, беҳтарин анъанаҳои дидактикаи миллӣ ва байналмилалиро дар худ таҷассум менамуд. Ӯ, ки дар шаҳрҳои бонуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ – Исфара, Уфа Хӯқанд, Самарқанд, Ленинград таълим гирифта ва тарбия дида буд, кӯшиш мекард, ки шогирдон танҳо ба дарсхонию дарсазхудкунӣ маҳдуд набошад ва ҷаҳонбинӣ, маҳорати сухандониву сухансанҷии худро тавассути маҳфилҳои шевашиносӣ, фолклоршиносӣ ва махсусан «Адибони ҷавон» такмил дода, аз файзи суҳбатҳои илмию адабии зиёиёну меҳмонони пойтахт баҳраҳо бардоранд. Мувофиқи мушоҳидаҳои С. Табаров, дар ҳамаи ҷамъомадҳои илмию адабии донишкада дар солҳои 1939-1941, ки бо иштироки устодон Айниву Лоҳутӣ ва дигар адибону фозилони Тоҷикистон сурат мегирифт, шамъи дурахшони маҳфил Лутфулло Бузургзода буд ва табиист, ки ин нишастҳо дар рушду камоли зиёиёни навраси тоҷик мавқеи муайянкунандагӣ доштанд.

пешина
аз 148
навбатӣ