Муҳаққиқи соҳибмактаб

Моҳи октябри соли 1939 бо ташаббуси Бузургзода ва ҳамкоронаш Абдулғанӣ Мирзоеву Шарифҷон Ҳусейнзода дар толори барҳавои Донишкадаи омӯзгорӣ ҷамъомади бошукӯҳе баргузор гардид, ки дар он шоирони тоҷик М.
Турсунзода, А. Деҳотӣ, Ҷ. Суҳайлӣ, Н. Шанбезода ҳамроҳи устод Лоҳутӣ ширкат варзиданд. Дар ин маҳфил ҳам навқаламони оддӣ аз қабили Қурбон Сангинӣ аз деҳаи Ҳушёрии Варзоб ва ҳам адибони як андоза таҷрибаандӯхта, ба мисли донишҷӯи курси 3-юм Боқӣ Раҳимзода ва донишҷӯёни соли охир Носирҷон Маъсумиву Тилло Пӯлодӣ шеърхонӣ карданд. Устод Лоҳутӣ, ки аксаран дар Маскав иқомат дошта, қироати каломи бадеъро ба лаҳни тоҷикӣ пазмон мешуд, бо тамоми заковат гӯшу ҳуш шуда, офаридаҳои қаламкашони ҷавонро мешунид. Ва баъд ба шеърҳои донишҷӯёни номбурда баҳои баланд дода, таъкид намуд, ки Боқӣ Раҳимзода, Носирҷон Маъсумӣ ва Тилло Пӯлодиро ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул кардан зарур аст. Ва агар ба ҳуҷҷатҳои расмии он даврагӣ муроҷиат намоем, мебинем, ки ин се адиби ҷавон ва устоди азизи онҳо Бузургзода дар як вақт – соли 1940 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардиданд.
Оре, Лутфулло Бузургзода дар маркази ҳаёти илмию фарҳангии давр қарор гирифта буд. Ӯ чун узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ, раиси сексияи танқид ва адабиётшиносии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ходими илмии филиали тоҷикистонии АУ Иттиҳоди Шӯравӣ ва боз чандин шуғлу вазифаҳои дигар басе серкору сертараддуд буд. Пайваста сафарҳои хизматӣ карда, ба экспедитсияҳои илмӣ ҳамроҳӣ менамуд. Вале тамоми фаъолияти ин шахси фозил тобеи касби омӯзгорӣ ва тарбияи ҷавонони лаёқатманд гардида буд. Ӯ ба одитарин масъалаҳои таълим муносибати ҷиддии педагогӣ менамуд ва бо ҳамин хоксорию хислатҳои фавқулоддаи самимиаш дар хотир ва дилу дидаи шогирдон абадӣ маъво гирифт. «Дар курсҳои якуму дуввум, - ба ёд меорад С. Табаров, – муаллимон, махсусан Л. Бузургзодаву А. Мирзоев ба шогирдон адабиёти илмии зиёде тавсия мекарданд, ки як қисми муҳимми онҳо, аз ҷумла китобҳои академик Н.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё