Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале ин асарҳо, чун як қатор асарҳои дар ҳамон давра таълиф гардидаи нависандагон ва адабиёшиносони маъруф, дар замони худ қиматбаҳо будаанд. Ҳатто қимати илмии монографияи «Симои ҷовидонии пешво»-ро, ки соли 1970 ба муносибати 100- солагии В. И. Ленин чоп шуда буд, ба эътибор гирифта, адабиётшиносони маъруфи ҷумҳуриямон онро чун рисолаи доктории С.Ш.Табаров пешниҳод карданд.
Вале мактаби адабиётшиносии устод Табаровро дар давраи дувуми фаъолият, аз ҳама бештар, асари бунёдии «Пайрав Сулаймонӣ» муаррифӣ мекунад, ки бо таъбири академики Академияи илмҳои Чехословакия Ян Рипка, ин асар «ба аълодараҷа амиқ ва фавқулодда алоқадор аст» (7, 73). Пайрав Сулаймонӣ шоирест, ки умри кӯтоҳи ӯ дар шароити душвор ва зиддиятноки таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии Осиёи Миёнаи сеяки аввали садаи XX сипарӣ шудааст ва муаллиф ҳаёту эҷодиёти ин адиби ҳунарманду рангинхаёли тоҷикро дар иртибот ба воқеаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва фарҳангиву адабии Бухорои амирӣ ва солҳои аввали Ҳокимияти Шӯравӣ ба тадқиқ гирифта, мавқеи сазовори ӯро дар адабиёти давраи нави тоҷик ҳаматарафа нишон додаст. Ин асари камназир, ки бо истифода аз маводи бойгониҳои марказии Иттиҳоди Шӯравӣ, сарчашмаҳо ва адабиёти фаровони таърихиию адабиётшиносӣ ва ватанию хориҷӣ дар сатҳи баланди илмӣ таълиф гардидааст, зиёда аз панҷоҳ сол боз аз тарафи муҳақиқони таърихи адабиёти тоҷик, устодон ва донишҷӯёни мактабҳои олии филологӣ мавриди омӯзишу баҳрабардорӣ қарор дорад ва муаллиф ин асари зиёда арзишманди хешро соли 2012 дар таҳрири нав ба пешгоҳи хонандагони мутахассис пешниҳод намуд.
Дар хусуси давраи дуюми фаъолияти адабиётшиносии устод Табаров сухан ронда, боз як паҳлуи басо муҳимми фаъолияти таълимию илмии устодро, ки ба адабиётшиносии муқоисавӣ иртибот дорад, ном бурдан лозим мешавад. Устод дар натиҷаи мутолиаи адабиёти ҷаҳонӣ чун дармеёбад, ки дар адабиёти олам бисёр мавзӯъҳо, сужаҳо, ривоятҳо, ифодаҳои бадеӣ ба ҳам монанданд, дар кафедра курси «Адабиётшиносии муқоисавӣ»-ро таъсис медиҳад ва ба таълими ин курси ниҳоят ҷиддӣ ва заҳматталаб машғул мешавад.

пешина
аз 148
навбатӣ