Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тадқиқоти муфассали Соҳиб Табаров бошад, андешаи мазкури устод Айниро батамом тақвият медиҳад.
Устод Табаров баъзе тадқиқоти солҳои охири худро эссеэзоҳот, эссеи тадқиқотӣ номида, вазифаи онҳоро басе хоксорона кам карда нишон медиҳад. «Мавзӯи ин эссе-эзоҳот, – гуфта мешавад дар муқаддимаи «Се маорифпарвари тоҷик дар бораи амирони Манғит», – хеле мушаххас ва возеҳу муайян мебошад, яъне он танҳо кору амалиёти шахсии худи амирони сулолаи Манғитро дар бар мегирад. Масъалаҳои умумитаърихии ҳеҷ яке аз амирони ин сулоларо дахолат намекунад»(63, 4). Дар асл асарҳои мазкур дар тадқиқу омӯзиши таърихи адабиёти давраи нави тоҷик нақши муҳим бозида, ба муҳаққиқони адабиёту таърих, ба устодону донишҷӯёни макотиби олӣ ва толибилмони мактабҳои миёнаи ҳамагонӣ маълумоти кофӣ медиҳад.
Ҳамин тариқ, устод Табаров тавассути пайванди ногусастании фаъолияти бедареғи илмию таълимӣ ба таъсиси мактаби адабиётшиносии пурқуввате муваффақ гардид ва табиист, ки баҳри идома ва рушду нумуи минбаъдаи ин мактаб ҳамвора ҷаҳду талош карда, дар роҳи душворгузари илм як қатор шогирдони собитқадам ва масъулиятшиносу амиқандеш ба воя расонд. Ин аст,ки мактаби адабиётшиносии устод Табаров ба тавассути шогирдони варзида – Солеҳ Салоҳ, Барот Нозимов, Хайрулло Муҳибов, Раҳим Мусулмониён, Асадулло Саълуллоев, Худойназар Асозода, Абдулхай Маҳмадаминов, Абдуҷабор Раҳмонов бомуваффақият идома ёфт ва боиси мавқеи боз ҳам баландтар касб кардани ин мактаби илмӣ гардид. Худи устоди соҳибмактаб дар ҷое чунин қайд намудааст:
«Ҳангоми дар университети ҷоноҷонам кор кардан (1948-1985) ҳашт номзади илм тайёр кардам. Баъдҳо онҳо сарварии шаш мактаби мустақили адабиётшиносиро ба дӯши хеш гирифтанд». Устод боз дар суҳбат ба адабиётшинос Боймурод Шарифов кӯшишу талош ва ғамхориашро баҳри идомаи ин мактаби илмӣ чунин тавсиф намудааст: «Ман ҳамеша олимони асилро мекобам. Қариб ҳамаи шогирдони камина дар илми адабиётшиносии тоҷик мақому мартабаи хоси худро доранд.

пешина
аз 148
навбатӣ