Муҳаққиқи соҳибмактаб

Айнӣ ба табъ мерасиданд ва то ин вақт 12 ҷилди Куллиёти мазкур чоп гардида буд. Ба қавли С.Табаров, аз рӯи ин амалиёти нопурра мураттаб сохтани луғати осори Айнӣ имкон надорад. Зеро, аввалан, ин Куллиёт ба ҳеҷ ваҷҳ тамоми мероси бои адабӣ, таърихӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, санъатшиносӣ ва эпистолярии нависандаро фарогир буда наметавонад. Ғайр аз ин, дар ҳамон ҷилдҳои ба табъ расида низ саҳву хатоҳо, гуногунхониҳо ва дахолати мураттибону мусаҳҳеҳон ва муҳаррирон ба матни нависанда хеле бисёр аст. Мисолҳои барои тасдиқи фикр овардаи устод Табаров ҷолиб ва боварибахш буда, зарурати таъхирнопазири ба вуҷуд овардани матни илмии осори Айниро бо тамоми возеҳӣ собит месозанд. Аз ҷумла, дар матни куллиётӣ ба ҷои калима ва таркибҳои мардака (аз «Одина»), бодгарон (аз «Дохунда»), чапдар (аз «Ғуломон»), акнун биоем ба сари моддаҳои эътироз (аз «Ҷавоб ё ки мусоҳаба») омадани калима ва таркибҳои мард, бодигарон, чандар ва акнун биоем ба сари муддао боиси хароб шудан ва барҳам хӯрдани мазмун, услуб, мантиқ ва хусусиятҳои сарфию наҳвии ҷумлаҳои алоҳида гардидаанд.
Устод Табаров исбот мекунад, ки агар як қисми саҳву хатоҳои матни куллиётӣ беихтиёр cap зада бошанд, пас қисми дигари хатоҳо ва гуногунхониҳо аз беэътиборӣ, камҳавсалагӣ ва ҳатто, баъзан аз ноогоҳии мутасаддиёни чоп рух додаанд. Аз ин ҷиҳат, мулоҳизаҳои мунаққид атрофи калимаи Лублин ҷолиби дикқат аст. Дар «Ҳангоми обод кардани харобиҳо расид» («Шуьлаи инқилоб», 3.02.1921) ном мақолаи С.Айнӣ чунин ҷумла омадааст: «Имрӯзҳо миёнаи шаҳри Лублин ва Петроград роҳи оҳани барқӣ доир шудааст». Мураттибони Куллиёт дар шарҳнома чунин қайд мекунанд: Лублин - Люблин (дар Полша)"(5, 395).
Маълум, ки масофаи байни Петроград ва шаҳри Люблини Полша садҳо км. аст ва дар солҳои 1920-21, ки Россия худ дар торикистон мезист, байни Петрограду Люблин кашидани хатти роҳи оҳан номумкин буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё