Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Бинобар ин, С.Табаров матншиносон ва таҳиягаронро водор менамояд, ки ҳатто ба санаи аз тарафи адибон ба асарашон гузошта низ назари танқидӣ дошта бошанд.
Дар баробари ин, устод Табаров як зумра адибонеро номбар мекунад, ки нисбат ба санагузории матнҳояшон ниҳоят дақиқ ва боэътиборанд. Ва аз санагузории «Намунаи адабиёти тоҷик» («Сарсухан -15 марти соли 1925; охири сарсухани қисми дувум - 17 майи 1925; як - ду сухан дар бораи қисми севум - 12 августи 1925; охири феҳраст - Самарқанд, тамом, 1925, 12 октябр, Айнӣ») маълум мешавад, ки С.Айнӣ дар Самарқанд дар таълифи ин китоб 211 рӯз сарф намуда будааст. Аз санагузории «Евгений Онегин» бошад («Соли 1823, 9 май, Кишинев, соли 1823, 25 сентябр, Болдино, 4 моҳу 17 рӯз»), чунин бармеояд, ки А.С. Пушкин дар Кишиневи Молдавия ба навиштани ин романи манзум оғоз намуда, онро дар мулки меросиву хусусии худ – деҳаи Болдинои губернияи Нижний Новгород ба охир расонидааст ва эҷоди асар чор моҳу ҳафдаҳ рӯзро фаро мегирад. Чунин мулоҳизаҳо муҳаққиқро ба хулосае меорад, ки: «Дар охири чопи матнҳои чи илмиву интиқодӣ, чи илмиву оммавӣ, чи мактабии асарҳои бадеӣ ва монанди онҳо санаи оғоз ва итмоми эҷоди онҳоро гузоштан зарур ва лозим аст»(65,137).
Устод Табаров агар дар мақолаҳои номбурда муаммоҳои алоҳидаи матншиносии адабиёти давраи нави тоҷикро мавриди таҳлилу тадқиқ карор дода бошад, пас, дар «Методи таҳлили асари бадеӣ» ном китобаш мавқеъ ва моҳияти нақди матнро дар тадқиқи адабиётшиносӣ ба таври возеҳ баён месозад. Дар ҳақиқат, мавқеи таърихи матн, ки предмети омӯзиши матншиносӣ мебошад, дар тадқиқи таърихи адабиёт ва баррасии қонуниятнокии тафаккури бадеӣ ниҳоят калон аст. Вақте ки асари бадеӣ дар таҳрири охирин не, балки дар ҳаракат, дар ҷараёни ташаккул ва барқароршавӣ омӯхта мешавад, қонуниятнокӣ ва заминаи эстетикиву иҷтимоии асар, инчунин давраҳои фаъолияти эҷодии муаллифи он амиқтар ошкор гардида, ҷиддитарин баҳсҳои адабиётшиносӣ бомуваффақият ҳал мегардад.

пешина
аз 148
навбатӣ