Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба сабаби он ки ин байт ба мавзӯи мустамликадорӣ вобастааст ва худи Пайрав онро аз ашъораш берун накардааст, аз достон гирифтани он, ба назари мо, ҷоиз нест»(54,158). Аммо дар маҷмӯаҳои баъдина, аз ҷумла дар Девони Пайрав (Душанбе: Ирфон, 1971) ва маҷмӯаи «Қаламам умри ҷовидони ман аст» (Душанбе:
Адиб, 1989), на танҳо дархостҳои устод Табаров ба инобат гирифта нашудааст, ҳатто аз манзумаи мазкур боз чанд байти дигар ихтисор гардидааст.
Ҳамин тариқ, устод Табаров дар ҷараёни фаъолияти илмӣ-тадқиқотии худ мавқеи нақди матнро дар омӯзишу баррасии адабиёти давраи нави тоҷик муайян намуда, роҳҳои ба таҳлили филологӣ ҷалб намудани ин соҳаи илмро нишон дод ва бо ҳамин дар инкишофу такомули назария ва амалияи матншиносии тоҷик саҳми муносиб гузошт.

Соли 2004
САҲМИ МУНОСИБ ДАР АЙНИШИНОСӢ

(Тақриз ба китоби С.Табаров «Романи «Ғуломон»-и С.Айнӣ
ҳамчун романи таърихӣ». –Душанбе: Адиб, 2005. – 125 с.)

Устод Садриддин Айнӣ дар як давраи басо мураккаб ва ҳассоси таърихӣ умр ба сар бурда, чун шахсияти воломақоми фарҳангӣ назди халқу ватани хеш масъулияти зиёде ба дӯш дошт. Аз ин рӯ, аз аввалин асарҳои бадеии насриаш ба тарзи реалистӣ ва воқеии тасвир рӯ меорад ва ин шеваи баён дар асарҳои минбаъдаи нависанда торафт мавқеъ пайдо карда, ба дараҷаи услуби фардии адиб такмил меёбад.
Устод Айнӣ ҳанӯз дар матни аввали қиссаи «Одина» (1924- 25) навишта буд: «Дар тавсифи Гулбибӣ қалами худ, ки намунаи қалами шоирони Шарқ аст, маҳмил намоем, қади ӯро сарву рӯи ӯро гул, мӯи ӯро сунбул, лабашро лаъл ва занахдонашро себ ном ниҳем, фақат ба ҳақиқат назар карда шавад, ин ташбеҳот дар боби як духтаре, ки бинандаи худро дар тапиш меандозад, ғояти пастҳиматона ва ғояти ҳақношиносона аст» (5,133). Ҳамин тамоюли услубии аз муболиға ва хаёлоти шарқӣ даргузашта, ҳар чизро монанди будаш намоён кардан нависандаро водор менамуд, ки ҷанбаи ҳуҷҷатию таърихии асарҳои бадеияшро мустаҳкам намуда, роҳҳои мувофиқи ба мундариҷаи бадеӣ созгор намудани ҳодисаву воқеаҳои таърихиро ҷустуҷӯ намояд.
Ҷанбаи таърихии насри бадеии устод Айнӣ таваҷҷуҳи бисёр адабиётшиносон ва мунаққидони осори нависандаро ба худ ҷалб намудааст. Дар байни онҳо асари монографии мунаққид Соҳиб Табаров «Романи «Ғуломон»-и Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ», ки соли 2005 аз тариқи нашриёти «Адиб» дар ҳаҷми 7,5 ҷузъи чопӣ ба табъ расидааст, мавқеи арзанда дорад. Муаллиф дар «Пасгуфтор»-и тадқиқот чунин қайд кардааст: «Рисолаи «Романи «Ғуломон» ҳамчун романи таърихӣ» маҳсули тадқиқоти шогирдонаи роқими ин сатрҳо аст, ки дар солҳои 1947-1948 навишта ва дар соли 1949 дар Институти шарқшиносии Академияи илмҳои ИҶШС бо роҳбарии профессор Е.Э.Бертелс барои гирифтани дараҷаи илмии номзади илмҳои филология дифоъ гардидааст»(55, 236).

пешина
аз 148
навбатӣ