Зеҳн
Муҳаққиқи соҳибмактаб

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 148 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар мақолаи «Рӯдакӣ–ҳамзамони мо» муаллиф кӯшидааст, ки қадру қимат ва эътибори ин нобиғаи аҳди Сомониёнро баъди ҳазор сол, дар шароити дигари таърихӣ нишон диҳад. Ва маълум мешавад, ки чун Рӯдакӣ бузургоне, ки бори фарҳанги миллатро ба дӯш гирифтаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш намешаванд, балки бо гузашти солиёни зиёд асрори зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии онҳо боз ҳам беҳтару хубтар ошкор гардида, дар қатори дигар муқаддасот дар қалбу рӯҳи халқи худ ҷойгоҳи шоиста меёбанд.
Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ибтидои асри ХХ чун рамзи ҳастии миллати тоҷик мавқеъ пайдо кард ва ба тавассути китобҳои дарсии мактабҳои ҳамагониву олии кишвар азизи ҳар як хонадон гардид.
Аз таҳлили муфассали устод Табаров бармеояд, ки ашъори боқимондаи Рӯдакӣ, аксаран, масъалаҳои ҳастии воқеии инсониятро фаро гирифта, бо рӯҳи пурқуввати миллӣ ва байналмилалии худ асрҳо боз ба ғояҳои олии ҷомеа созгор омадаанд. Мавзӯъҳои ақлу хирад, илму дониш, сулҳу дӯстӣ, панду ахлоқ, ишқу муҳаббат ва ғайра, ки дар шаклҳои рубоӣ, маснавӣ, қасида, қитъа, байт бо ҳунари волои нигорандагӣ суруда шудаанд, чун мавзӯъҳои ҷовидонаи адабиёти бадеӣ дар эҷодиёти адибони минбаъда идома ёфтаанд. Дар мақола, чун ҳусни мақтаи зерин, порчаҳои шеърии бисёре мавриди таҳлили амиқ қарор гирифтаанд:

Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

пешина
аз 148
навбатӣ