Муҳаққиқи соҳибмактаб

Муаллифи мақола ба маҳорати баланди шоир дар тасвири бадеии мукофоти амал ишора карда гуфтааст: «Дар ин байт, ки мисраъҳои ҷамъбасткунанда ва хулосаи тамоми ақидаи ин шеъри шоир ҳам мебошад, фикр хеле возеҳ ва мақсади бадеӣэстетикӣ хеле мукаммал ифода ёфтааст» (67,103).
Дар охири мақола муҳаққиқ ба фасоҳату балоғати ашъори Рӯдакӣ ишора карда, ҷозиба ва муассирии сабки баёни шоирро дар заминаи воқеии тасвир медонад ва таъкид мекунад, ки: «Аз ҳамин сабаб санъати бадеии ашъори Рӯдакӣ манбаи бебаҳо барои адибони оянда гардид ва ҳамаи санъаткорони баъдина худро ворис ва шогирди ин сухансарои беҳамто ва санъаткори моҳир, давомдиҳандаи сабки ӯ шуморидаанд»(67, 109).
Дар ҳақиқат, таъсири файзбахши офаридаҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шоирони минбаъдаи форсу тоҷик фарогир ва гуногунпаҳлӯ мебошад, ки онро алалхусус аз мақолаи «Тазмини Пайрав ба як қасидаи Рӯдакӣ» ба таври мушаххас мушоҳида кардан мумкин аст.Маълум, ки ба қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» дар муддати мадид шоирони зиёде ба мисли Саноии Ғазнавӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Шаҳобуддини Вассоф, Сурӯши Исфаҳонӣ, Сипандии Самарқандӣ, Шиблии Нуъмонӣ тазмин баста, назираҳо гуфтаанд, вале таваҷҷуҳи устод Табаровро танҳо тазмини шоири боистеъдоди ибтидои асри ХХ Пайрав Сулаймонӣ ҷалб намудааст, зеро «Тазмини ғазали Рӯдакӣ», ки дар охирҳои соли 1925 ба пешвози Рӯзи Рӯдакӣ эҷод гардида аст, бозгӯи як лаҳзаи ҳассоси таърихи халқи тоҷик буда, гувоҳи ҳамовозии офарандаи он ба масъалаҳои тақдирсози миллат мебошад.
Таҳлили муқоисавии ғазали тазминии Пайрав ба тағаззули қасидаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён»-и Рӯдакӣ, ки ҳарду аз ҳафт байт иборатанд, муҳаққиқро ба натиҷаҳои ҷолиб раҳнамун месозад. Натиҷаи аввал ба мақтаи шеъри тазминшаванда:
Пайрав, аз тазмини он устоди назм:
«Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме»
иртибот дошта, аз хусусиятҳои сохтории ғазали тазминшаванда бармеояд: «Шеъри Пайрав дар равияи қасидаи Рӯдакӣ навишта шуда, он мувофиқи талаботи вазну қофия ва радифи порчаҳои боқимондаи «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» эҷод шудааст ва дар он нишонаҳои яке аз навъҳои машҳури тазмин- тазмини мусарраҳро пурра дарёб кардан мумкин аст» (67, 115).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё