Дарахти Ватан

Дар шарфаи об хуш бихонад,
Эй, дам назанед, нозанин аст!
Ин оби равон чи дилнавозест,
Боре нигаред, нозанин аст.
Дигар, ба Худо, ки нозанинон,
Боло напаред, нозанин аст!
Аз сӯзиши дард дар бигиред,
Охир, чӣ кунед? Нозанин аст!
Ҷангаш накунед, мекунад ноз,
Девона шавед, нозанин аст.
Додаст Худои нозанинаш,
Худро бикушед, нозанин аст!
Ин куртасафед кушт моро,
Ӯро накушед, нозанин аст!
Бо шохаяки гуле ба шӯхӣ
Ӯро назанед, нозанин аст!
Майрез нигори нозанин аст
Майрез нигори нозанин аст,
Чашмаш чӣ хумори нозанин аст!
Дар чашми хумори нозанинаш
Ҳай маст шикори нозанин аст!
Донад, ки ҳамеша дар сари мо
Андешаи кори нозанин аст.
Мардум ҳама тори бора гӯянд,
Хуб аз ҳама тори нозанин аст!
Дар чашми ҳама задаст ҳай гул,
Ин тор чӣ тори нозанин аст!
Дар тори ду гесӯяш бимирам,
Ду тори дутори нозанин аст.
Дар синаи мо ҳазору як тор
Дар нолаи зори нозанин аст.
Дар боғи ҳамеша нозанинаш
Ду дона анори нозанин аст.
Гардем ҳазор бор гирдаш,
Бисёр мазори нозанин аст!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё