Дарахти Ватан

Ӯ нозанинам мекушад
Бо теғҳои нозанин.
Бо теғи тези абрӯяш,
Во, теғҳои нозанин!
Рӯзе барои ман шуда
Шогирдҳои нозанин
Ҳай нозанинаш мекушанд,
Бин доду вои нозанин!
Гар ӯ накуштам, худ кушам
Худро барои нозанин.
Худро кушам чун гӯспанд
Дар пеши пои нозанин.
Сар мекунам, оҳ, эй Худо,
Аз қиссаҳои нозанин.
Бо ту кушоям, чун бигӯ,
Гап аз куҷои нозанин?!
Мардум ситоиш мекунанд
Бисёр чои нозанин!
Дар умри худ кай хӯрдаанд
Як бор чои нозанин?!
Дар ҳасрати «Роҳат» ҳама:
«Ҳай-ҳай, чӣ ҷои нозанин!»
Нодида мардум дидаанд,
Ҳай-ҳай, чӣ ҷои нозанин?!
Мо дар сарои нозанин,
Ин аст ҷои нозанин.
Аз дасти ӯ хӯрдем чой,
Ин аст чои нозанин.
Аз дасти ӯ май мехӯрем
Бо косаҳои нозанин.
Ҳай масти ӯ май мехӯрем
Бо косаҳои нозанин.
Эй, роҳати дунёст ин,
Бин ҷову пои нозанин!
Бар ин раисон кай расад
Ин ҷову пои нозанин?!
«Роҳат» аз онҳо бод, бод!
Мову сарои нозанин!
«Даҳбед» аз онҳо бод, бод!
Мову сарои нозанин!
Варзоб аз онҳо бод, бод!
Аз мо сарои нозанин!
Ромит аз онҳо бод, бод!
Аз мо сарои нозанин!
Мо бо ҳамаш сар мезанем
Бо як сарои нозанин!
Беҳ аз ҳазору сад сарост,
Ҳо, як сарои нозанин!
Бинанд, мегарданд хар,
Хар аз барои нозанин!
Ҳангасзанон ҳар сӯ зананд
Сар аз барои нозанин.
Мо дар саро овосаро,
Нозад навои нозанин.
Хуш нозанин ово занад
Бо сад навои нозанин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё