Дарахти Ватан

Шаб чӣ торикест, раҳ гум кардаем,
Осмон абрист, маҳ гум кардаем.
Вой, дар дил доду войе мезанем,
Вой, дар гил дасту пойе мезанем...
Бозгашт
Дар куҳистон зиндагӣ душвор шуд,
Мардум аз ҷони худаш безор шуд.
Рӯзгоре харкушӣ кардем сахт,
Баъд якдигаркушӣ кардем сахт.
Ҷони ширин гашт моро боз хар,
Медиҳад аз ҳар даре овоз хар.
Ҷуфти гове ҳаст, месозем ҷуфт,
Ҳам ба пову даст месозем ҷуфт.
Кишт агар ду халта гандум мекунем,
Рӯзи ҳосил халтае гум мекунем.
Оҳ, месӯзем дил ҷои чароғ,
Дуд фағ-фағ мебарояд аз димоғ.
Гаҳ ба гирди шамъ даҳ парвонаем,
Дар шаби сарди сияҳ парвонаем.
Бо тапак мондаст рӯзи мо, дареғ,
Меравад аз ҳар даре сад «во дареғ».
Хоб мебинем, хоб ангиштро,
Дар даҳан созем гарм ангуштро.
Рафта-рафта рӯзи мо бад мешавад,
Дарди мо даҳ буд агар, сад мешавад.
Бар сари рӯзи сияҳмон, эй азиз,
Хоки дунёро биёву рез-рез.
Мардҳомон мардикоронанд бас,
Нест майдондор аз мо ҳеҷ кас.
Ту нагӯ чизе намесозем мо,
Нест нав, бо кӯҳна месозем мо.
Юғу испору чапар ҳам сохтем,
Зину банду лоқу пар ҳам сохтем.
Эй Худо, аз пушти хар гаштем боз,
Гоҳ хар бар пушт баргаштем боз!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё