Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳама саркарда ғами хеш хӯрад,
Кӣ ғами мардуми дарвеш хӯрад?

Чӣ касӣ?

Чӣ касӣ, чун казино бикшоӣ?
Дар чӣ бар аҳли зино бикшоӣ?!

Харшер

Он яке гуфто, ки хар гаштам зи кор,
Ҳар касе ёбад маро, гардад савор.
– Ғам нахӯр, – гуфтам, – ту зинҳор аз харӣ,
Чанд кас шуд маст бисёр аз харӣ.
Дидаӣ, дар ин Ватан хар шер шуд?
Гуфт: – Оре, аз камону тир шуд!

Беоянда

– Кӯдакон ояндаи моянд, – гуфт,
Кӯдакон, гуфтам, ки меоянд муфт.
Гуфт: – Рӯ бар мардуме ояндаем...
Пас бигӯ, гуфтам, ки беояндаем!
Дигаре гуфто: – Маро оянда нест,
Кӯдаки сармозада поянда нест!

Тарбузгардон

Дар бағал бигрифта тарбуз ҷойи дил,
Чанд гаштӣ, эй, ту бепарвойи дил!
Сар ба пойи хукҳо мондӣ чаро?
Эй, сари ту бод хоки пойи дил!
Ҷойи тарбуз дил агар медоштӣ,
По намебардоштӣ бе ройи дил!
Аз барои тарбузи афтидае
Вой гӯйӣ, вой, ку овойи дил?!

пешина
аз 162
навбатӣ