Зеҳн
Дарахти Ватан

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 162 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҳаргиз намехоҳад кушад
Моро Худои нозанин.
Худ нозанин моро кушад,
Во, куштанои нозанин!

Ҳай дар камар хушрӯ задаст
Ӯ дастҳои нозанин.
Бо даст мардум мекушад,
Оҳ, ӯ ба пои нозанин!

По дар ҳаво хуш меравад,
Подарҳавои нозанин.
Ҳай нозанин хуш мезанад
По дар ҳавои нозанин.

Ҳай нозанинаш сохтӣ,
Оҳ, эй Худои нозанин.
Мардум худашро хӯрду мо
Аз ҳар куҷои нозанин.

Хӯрдем чанде, кам нашуд
Як майда ҷои нозанин.
Бисёр дорад хӯрданӣ
Дар ҳар куҷои нозанин.

Кам-кам бигаз гӯяд ба ноз
Аз ҳар куҷои нозанин.
Мо нағз медонем худ
Ҷои баҷои нозанин.

Ҳай нозанин хондем, вой,
Аз дасту пои нозанин.
Ҳай нозанин хонем аз ин
Хо, аз куҷои нозанин?!

Майрез мегирем, вой,
Аз як-ду ҷои нозанин!
Найрез мегирем, вой,
Найнолаҳои нозанин!

Хурной дар хурной мо,
Хурною нои нозанин!
Сурною нои нозанин,
Во, сурхнои нозанин!

Сармаст бар сар мерасем
Аз нӯги пои нозанин.
Аз тори сар бар сар занем
Дар пеши пои нозанин.

Боло чахида меравем
Аз сар ба пои нозанин.
То сар Худо донад расем,
Боло – балои нозанин!

Ноканда чун дил меканем
Аз чанд ҷои нозанин?!
Осон раҳо кай мекунем
Аз банд пои нозанин?!

Боло кашад моро худаш,
Оҳ, ин балои нозанин!
Оҳо, кушад моро худаш,
Ваҳ, дар куҷои нозанин?!

Охир, куҷояш нестаст
Бисёр ҷои нозанин?!
Ҳай нозанинаш хӯрдаем
Сад бор ҷои нозанин?!

Аҳ, бачча, боло меравем
Ҳай шабчарои нозанин!

пешина
аз 162
навбатӣ